Маҳсулоти лозима:
300 грамм орд, 100 грамм равғани маска, 3 банан, 3 тухм, 1 истакон қаймоқ (сметана), 1 истакон шакар.
Тарзи таҳия:
Сафедии тухмро аз зардии он ҷудо кунед. Зардии тухмро бо шакар омехта намуда, равғани маскаи обкардашударо илова кунед. Сипас ордро ҳамроҳ карда, хамири омода намоед. Хамирро 30 дақиқа дар яхдон нигоҳ дошта, баъд онро дар қолаби тафдон паҳн карда, болояшро бо бананҳои ҳалқашакл буридашуда пӯшонед ва қаймоқ резед. Дар тафдони тафсон 20 дақиқа пазед. Сафедии тухмро бо каме шакар лат зада, баъди 20 дақиқа рӯйи кулчаро бо он пӯшонед ва боз 3 дақиқа дар тафдон гузоред. Пас аз омода шудан, кулчаро барои хунук шудан ба ҷои салқин гузоред.