toyota motors
Кумитаи дини Тоҷикистон аз фиреби шаҳрвандон дар сафари ҳаҷ хабар дод
09.04.2026
Oila.tj
97

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим мегӯяд, гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ваъдаи адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд, баъдтар фаҳмидаанд, ки ҳуҷҷатҳои онҳо қалбакӣ будааст.

Гуфта мешавад, ки миёнаравон бо таҳияи бейҷикҳои сохта зоиронро фиреб додаанд.

Ҳоло ин афрод дар Арабистони Саудӣ сарсон монда, аз Сафорати Тоҷикистон ва Кумитаи дин барои бозгашт ба Ватан кумак хостаанд.

Кумита таъкид мекунад, ки муҳлати расмии омода кардани ҳуҷҷатҳои ҳаҷ барои имсол аллакай анҷом ёфтааст ва аз шаҳрвандон мехоҳад ба чунин ваъдаҳои бардурӯғ бовар накунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД