sebiston july new
Кумитаи кор ба занон ва оила ба фарзандони модарони танҳо либосҳои нав дод
1145

Шамъигул ва Шаҳзода Воҳидоваҳо аз деҳаи Лолагии ҷамоати деҳоти Лолагии ноҳияи Файзобод буда, апаву хоҳаранд. Худованд ба ҳарду қаду қомати базеб, чеҳраи зебо ва одобу ахлоқи накӯ додааст, аммо бо ин ҳама зебоиву хушахлоқӣ аз бахт ҳеҷ наосуданд, ки наосуданд.

photo_2022-02-01_11-47-04
Шамъигул модари 4 фарзани гул барин зебост. Падари бачаҳояш ба бемории рӯҳӣ гирфтор шуда, ҳамеша ӯро ранҷу азобу шиканҷа медод. Ҳар гоҳ касалиаш хурӯҷ кунад, Шамъигулро мурданивор мезад ва ҳатто чанд бор бо корду табар ба ӯ ва бачаҳояш ҳуҷум намуда, таҳдиди куштан ҳам карда буд. Шамъигул хотири фарзандонаш ба ҳама ҷабру ҷафои шавҳар тоқат карда, худр бо он тасаллӣ медод, ки падари бачаҳояш бемории рӯҳӣ дораду чи кор карданашро намедонад, вале як рӯзи тира ҳамсараш ӯро талоқ дода, бо 4 кӯдаки хурдсол аз дарвоза берун кард...

photo_2022-02-01_11-47-16
Тақдири Шаҳзода аз тақдири апааш ҳам талхтар аст, вале ӯ гузаштаи талхашро ба ёд овардан намехоҳад. Шаҳзода ҳам бо сабаби зӯроварӣ дар оила бо ду фарзанд хонавайрон шудааст.
Хоҳарон дар як ҳавлӣ иҷора мешинанд. Азбаски ягон шахси ғамхору мададгор надоранд, гоҳ Шамъгул парастори бачаҳои худ ва хоҳарашро бар дӯш гирифта, Шаҳзода ба кор меравад, гоҳи дигар баръакс, аммо маблағи ночизе, ки хоҳарон дар шароити деҳот кор мекунанд, базӯр ба хӯрока ва нони даҳони фарҳзандонашон мерасаду халос.
Шамъигулу Шаҳзода бо умеди имдод дари сомонаи Оила. ТЧ-ро кӯфтанд ва мо аз мушкили ин ду хоҳари аз бахт наосуда огоҳӣ ёфта, онҳоро ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодем.

photo_2022-02-01_11-47-21
Маҳмадалӣ Сабоҳат Рустам, мудири бахши робита бо ҷомеаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳарон Шамъигул ва Шаҳзода Ввоҳидоваҳоро хеле гарм қабул карда, баъди аз тақдири талхи ин ду ҷавонзан ва фарзандони хурдсолашон огоҳӣ ёфтан бо иҷозат ва розигии раиси кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба таври ройгон барои бачаҳои Шамъигул ва Шаҳзода либосҳои шинаму зебои мактабӣ ва сару либоси гарми зимистона дод. Хоҳарон аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд ва намедонистанд, ки чи тавр миннадорӣ баён намоянд.
Акнун Шамъигул ва Шаҳзода медонанд, ки модари танҳо бошанд ҳам, бе соҳиб нестанд. Соҳиби онҳо давлат аст ва дасти ин модарони танҳову фарзандони зиндаятими онҳоро мегирад.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД