Курси 3-моҳаи “Зан-роҳбар” дар Хуҷанд ифтитоҳ шуд
18.09.2025
Oila.tj
173

Дар толори хурди меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2025-2030» маросими ифтитоҳии курси 3-моҳаи «Зан-роҳбар» баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар маросими ифтитоҳии машғулиятҳо Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, Биҳоҷал Раҳимова, Ходими давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Мунзифа Ҷабборӣ, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Марҳабо Аҳмадзода, намояндаи Суди шаҳри Хуҷанд, Шоира Вализода, мудири кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои педагогӣ, Фазилат Содиқова, донишҷўи курси дуюми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва маърӯзаҳо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, 30 нафар бонувон ба курси 3-моҳаи “Зан-роҳбар” фаро гирифта мешаванд ва баъди хатми он Гувоҳномаҳо ба эшон тақдим мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД