Arzon march 2024
“Лимит”-и барқ аз кай сар мешавад?
534

Бо сабаби норасоии нерӯи барқ ва гузаронидани корҳои таъмирию тармимӣ дар зеристгоҳҳои обӣ-барқӣ ҳамасола дар кишварамон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон “лимит”-и барқ ҷорӣ карда мешавад. Мушкили норасоии барқ бартараф шудааст ё имсол ҳам барқро бо “лимит” медиҳанд?

Дирӯз дар нишасти хабарии якҷояи “Барқи тоҷик”, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва “Шабакаҳои интиқоли барқ” нахустин масъалаи аз ҷониби хабарнигорон ба миён гузошта шуда ҳамин буд.

Дар посух ба ин саволи хабарнигори сомонаи "Оила" Толибов Дӯстмурод, сардори раёсати марказии диспечерӣ гуфт, дар ҳақиқат ҳамасола дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар ҷумҳурӣ мушкили норасоии нерӯи барқ ба миён меояд.

"Ин ба вазъи боду ҳаво ва резиши об дар маҷрои дарёи Вахш вобастагӣ дорад. Резиши об дар маҷрои дарёи Вахш аз ҳаҷми миён зиёд гардад, норасоии нерӯи барқ камтар мешавад, вале миёна ва ё кам бошад, камбуди нерӯи барқ ба миён меояд. Дар мамлакат ягона обанборе, ки характери мавсимӣ дорад, обанбори нерӯгоҳи оби барқии Норак мебошад. Имсол ҳам ҳаҷми об дар ин обанбор тағйир наёфтааст ва аз рӯйи ҳисобҳои пешакӣ мушкили норасоии нерӯи барқ ба миён меояд”, - гуфт ӯ.

Аз ин гуфтаҳои масъулини ”Барқи тоҷик” чунин бармеояд, ки имсол низ мушкили норасоии барқ вуҷуд дошта, интиқоли барқ ба аҳолӣ маҳдуд ва “лимит” ҷорӣ карда мешавад.

Сокинони навоҳии дурдастро зарур аст, ки аз ҳоло ба мавсими тирамоҳу зимистон омодагӣ дида, барои фасли сармо ҳезум, ангишт ва маводи сӯхт захира намоянд.

Дар масъалаи фурӯши барқ ба кишварҳои хориҷӣ масъулини соҳа гуфтанд, харидори асосии нерӯи барқи Тоҷикистон кишварҳои ҳамсояамон Ӯзбекистон ва Афғонистон мебошанд. Ба ин давлатҳо муттаносибан ҳудуди 9,5 ва 6-6,5 млн кВт соат нерӯи барқ фурӯхта мешавад, вале интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар фасли зимистон камтар шуда, Тоҷикистон ба ин давлатҳо ҳамагӣ 30-40 МВт соат нерӯи барқ медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 ба хориҷи кишвар 971,2 млн кВт соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Аз ин шумора 682 млн кВт соат ба Афғонистон ва 288,9 ба Ӯзбекистон фурӯхта шудааст. Ба Узбекистон нерӯи барқ то моҳи сентябр бо ду хати шиддаташ 500 кВт ва ду хати шиддаташ 220 кВт меравад.

Дар нимсолаи аввали 2023 фурӯши барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85,3 млн кВт соат кам шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД