goodwell
Лионел Месси беҳтарин нишонзан дар таърихи Ҷоми ҷаҳон шуд
24.06.2026
Oila.tj
217

Капитани мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар бозии даври гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 муқобили мунтахаби Австрия ду гол ба самар расонида, бо 18 гол беҳтарин нишонзан дар таърихи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, пас аз голи аввал дар дақиқаи 38-ум, Месси шумораи голҳои худро дар чемпионатҳои ҷаҳон ба 17 расонд ва аз рекорди собиқ ҳамлагари мунтахаби Олмон Мирослав Клозе, ки 16 гол дошт, пеш гузашт. Дар дақиқаҳои иловагӣ ситораи аргентинӣ боз як голи дигар зада, рекорди худро то 18 гол беҳтар кард.

Ҳамин тариқ, ҳамлагари 38-сола акнун танҳо дар садри рӯйхати беҳтарин нишонзанони таърихи Ҷоми ҷаҳон қарор дорад.

Пас аз ин дастоварди таърихӣ, худи Мирослав Клозе низ Мессиро табрик гуфт. Ӯ дар суҳбат бо нашрияи олмонии Süddeutsche Zeitung изҳор дошт: «Ман ҳамеша мегуфтам, ки Месси футболбози фавқулода аст. Барои ман Лионел Месси беҳтарин футболбози ҳамаи давру замон аст. Табрик, қаҳрамон!».

Дар ҳамин бозӣ мунтахаби Аргентина, ки қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон мебошад, бар тими Австрия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро маҳз Лионел Месси ба самар расонд.

Қобили зикр аст, ки Месси ҳоло дар шашумин Ҷоми ҷаҳонии худ ширкат дошта, бо рекордҳои сершумор яке аз бузургтарин футболбозони таърихи ин варзиш маҳсуб мешавад. Наздиктарин таъқибкунандаи ӯ дар миёни футболбозони фаъол ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе мебошад, ки то имрӯз дар Ҷоми ҷаҳон 16 гол ба номаш сабт кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД