Ҳамлагари ҷавон Лука Згурский ба ҳайати бошгоҳи «Истиқлол» ҳамроҳ шудааст. Дар ин бора ТВ “Варзиш” бо истинод ба дафтари матбуотии тими шаҳри Душанбе хабар дод.
Лукаи 21-сола тарбиятгирандаи Академияи КМВА-и Маскав мебошад. Пеш аз гузариш ба «Истиқлол» ӯ дар ҳайати «Атирау»-и Қазоқистон бозӣ кардааст ва қабл аз он дар ҳайати «Андиҷон» ҳунарнамоӣ дошт. Барандаи Ҷоми Ӯзбекистон дар соли 2024 мебошад.
Пеш аз имзои расмии шартнома, Згурский дар се бозии назоратӣ дар ҳайати «Истиқлол» иштирок намуда, пас аз гузаштани муоинаи тиббӣ бо даста то охири мавсим шартнома бастааст.
Дар феҳристи бозиҳои касбии ӯ 110 бозӣ, 43 гол ва 12 партофти головар ба қайд гирифта шудааст.