sebiston july new
Маҳбубаи ёвонӣ 19-сол боз шавҳари муҳоҷирашро мекобад!
3270


Ҷавонзани ёвонӣ Маҳбуба Иброҳимова 19-сол боз бо чашми интизору ашки шашқатор шавҳари муҳоҷирашро меҷӯяд.

Ҳанӯз соли 2000-ум ҳамсараш Эсанбой Маҳкамов Маҳбубаро бо ду писару як духтараш танҳо гузошта, барои дарёфти ризқу рӯзии фарзандон рӯ ба муҳоҷират оварда буд. Эсанбой ба шаҳраки Дмитрови Маскав рафту бо ҳамин бедарак шуд...

Эсанбой дар муддати 19-сол танҳо як маротиба пул фиристодаасту халос, дигар аз вай на хат расиду на ягон хабар. Он замон телефони мобилӣ набуд, ки Маҳбуба тез-тез ба шавҳари муҳоҷираш занг зада, ҳолу аҳволи ӯро пурсон шавад, бо ҳамин сабаб алоқаи онҳо тамоман қатъ гашт.
Маҳбуб, ин зани шавҳардори бе шавҳар тӯли 19 сол бе такягоҳ, бе сутуни хонадон чи қадар азобҳо кашид, чи хориву зориҳоро аз сар гузаронд, фақат худаш медонаду худованд, аммо бо ин ҳама навмед нагашт. Ин зани қавиирода миёнашро маҳкам баста, бачаҳои падардори бе падарашро бо сад азобу машаққат хӯронд, пӯшонд, хононд, ба камол расонд...
Ду фарзанди калониаш бе дастгирӣ ва бе дуои падар оиладор шуданд. Маҳбуба сари бачаҳояшро ҷуфт намуд, то азоби танҳоӣ накашанд, вале худаш то ҳол аз асорати танҳоӣ бурун нагаштааст.
Аз рафтани шавҳараш 19-соли дароз гузашта бошад ҳам, ин зани бовафо ҳанӯз умедашро аз бозгашти бахт накандааст. Маҳбуба боварӣ дорад, ки хумори бахти аввал ва меҳри фарзандон як рӯз не, як рӯз падари бачаҳояшро дубора ба Ватан меорад.
Эсайбой замони Шӯравӣ дар шаҳри Перм хизмати аскариро ба ҷо оварда буд, аз ҳамин сабаб баъзан Маҳбуба фикр мекунад, ки шояд шавҳараш ишқи аввалашро дар Русия во хӯрда, онҳоро фаромӯш кардааст, аммо боз гиребони тава медорад. Худо накунад, ки ишқи зани рус онҳоро абадан ҷудо созад!
Модари Эсанбой ба ғами дурии фарзанд тоб наоварда, бо дили пурормон ин дунёро падруд гуфт, вале Маҳбуба ҳанӯз ба бозгашти шавҳараш умед дорад. Оре, ин зани покдомону бовафои тоҷик умед дорад, ки рӯзе паради фарзандонаш аз дар даромада, мисли Юсуф кулбаи эҳзони онҳоро мунаввар месозад.
Сарнавишти талхи Маҳбубаро ҳамсояаш Сайрам Саидова қисса карда, аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар шаҳрҳои гуногуни Русия кор ва фаъолият менамоянд, хоҳиш ва илтимос кардааст, ки агар Эсанбой Маҳкамови 52-соларо дар ҷое дидаанд ё дар борааш чизе медонанд, ҳатман хабар диҳанд.
Маҳбубаю фарзандонаш дар деҳаи Даштободи ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бозгашти Эсанбойро бесаброна интизорӣ мекашанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД