arzon replenishment
МАДИНА БАСАЕВА: АЗ АФРИҚО КӮДАКЕРО БА ФАРЗАНДӢ ГИРИФТАН МЕХОҲАМ!
1338


Мадина Басаева (Дина Саева), блогери 21-солаи руси зодаи Тоҷикистон, аз Африқо кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳад. Ӯ ин нуқтаро дар барномаи “Ночной контакт” зикр намуд. Ҳамчунин, Басаева дар барномаи мазкур оиди нақшаву ниятҳояш дар давоми соли 2021 қисса кард.

“Албатта, модар будан мехоҳам, аммо ҳоло на. Ду писар доштан мехоҳам. Илова бар ин, ният дорам, ки аз Африқо кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кунам”,-гуфт Мадина дар барномаи “Ночной контакт”. Ӯ илова кард, ки дар ин кор ба Анҷелина Ҷолӣ, ҳунарпеша ва модели 45-солаи амрикоӣ, ки чанд кӯдакро аз Камбоҷаву Эфиопия ва Намибияву Ветнам ба фарзандӣ қабул кардааст, пайравӣ кардан мехоҳад. Дар идома Мадина афзуд, ки бо як блогери амрикоӣ шартнома бастааст ва пас аз хубтар шудани вазъи саломатиаш ба Амрико меравад. Феълан ӯ аз пастшавии фишори хунаш азият мекашад. Чуноне маҷаллаи “Forbes” иттилоъ медиҳад, Мадина Басаева дар рӯйхати гаронарзиштарин блогерони Русия зинаи дувумро касб мекунад ва солона зиёда аз 12 миллион рубли русӣ даромад дорад. Чанде пеш аз маркази шаҳри Маскав барои худ хонаи сеҳуҷрагӣ харид ва ҳоло танҳо зиндагӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД