Arzon march 2024
Мадинаро Хуҷаста машҳур кард ё Сито?
698

Мадина Ақназарова, сарояндаи маъруфе, ки аксарияти таронаҳояш дар контенти тоҷикӣ хит шудаанд, то ҳол дар бораи зиндагии шахсияш маълумот намедод ва дар ин бора суҳбат карданро ҳам намеписандид.

Ӯ аз соли 2014 дар рӯи саҳна аст. Нахуст бо номи Медисон бо репсарои машҳур Мастер Исмайл суруд хонд, ки он замон дар Питер буд. Баъди он ба Тоҷикистон муқими гашт.

Мадина зодаи Бадахшон аст. Ӯ дар самои эстрадаи тоҷик бо дуэжташ ҳамроҳ бо Хуҷастаи Мирзовали маҳбуб шуд. Ногуфта намонад ки суруди Мадина бо овозхони афғон Сито Қосимӣ инқилоби бузург дар шоу-бизнеси тоҷик гашт.

Ӯ дар як мусоҳибаи кӯтоҳаш гуфт, то ҳол шавҳар накардааст ва бахти арзандаро мунтазир аст. ӯ гуфт, ҳарчанд ошиқони ин духтараки бодомчашм дар ватан ва берун аз он кам нестанду ӯро ҳатто мардони калонсол низ меписанданд, вале мехоҳад ҷавони арзандаеро вохӯрда, бо ӯ оиладор шавад.

Ҳатто як марди калонсоле, ки ҳунари Мадинаро дӯст медошт, дар як вохӯрӣ ошкорр гуфтааст, ки агар Мадина пешниҳоди ӯро қабул созад, тамоми дороияшро дар пешаш мерезад. Аммо Мадина ин ва чандин пешниҳодҳоро рад кардааст.

Тибқи иттилои портали таронаҳои “Суруд.ком” Мадина 15 феврали соли 1998 таваллуд шудааст. Вақте ки ӯ чаҳорсола буд, волидонаш ба Русия рафтанд.То синфи ду Мадина дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд таҳсил кардааст ва баъди ин ба Русия рафт.

Бояд гуфт, ки Мадина дар оила фарзанди ягона аст. Падару модараш ҳанӯз дар хурдии ӯ аз ҳам ҷудо шудаанд. Сароянда аз хурдӣ ба санъат шавқ дошт ва дар хори мактабии шаҳри Санкт-Петербург риштаи вокалро омӯхтааст. Ӯ ҳамеша сурудҳои яккаро иҷро мекард.

Пас аз хатми синфи 9 оилаи онҳо ба Душанбе кӯчид ва Мадина ба Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов дохил шуд. Дар давоми таҳсил, инчунин, дар Театри опера ва балет кор мекард.

Мадина Ақназароваро дар кишвари мо бо сурудҳои «Боз омадӣ», «Дил меравад», «Дидам нигори худро», «Афсӯс», «Биё канорам», «Ай ёр ёр», «Ҷудоӣ» мешиносанду дуст медоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД