arzon november
МАКРИ ХУШДОМАНУ РӮЗИ СИЁҲИ КЕЛИН (ҚИСМИ 3.)
17.06.2022
ОИЛА
675
no-img

 

 

Пешхидмат, ки худаш дар зиндагӣ рӯзҳои сахтро аз сар гузаронида буд, дилаш ба кӯдакони ин зани дар кӯча сарсон монда сахт сӯхта гуфт, ки агар хоханд, метавонанд дар хонаи ӯ зиндаги кунанд.

-Хоҳарҷон, садсола шавӣ, ман якмоҳа пули хонаи иҷораатро медиҳам. Хока гирӣ, зар гардад. Мани беақл ба васвасаи шайтон дода шуда, қариб худро бо фарзандонам ба дарё патофта будам, аммо Худованд моро наҷот дода, нагузошт, ки ба гапи аҳриман дарояму худро якумр дузахӣ гардонам.

Медонӣ, аз лаби дарё ҳамёнеро ёфтем, ки шояд соҳибаш онро афтонда бошад.Ин пул то кору хонаи иҷора ёфтан ба мо кӯмак мекунад. Бубин, боз худованд туи меҳрубонро бо мо рӯ ба рӯ кард. Сад шукр парвардигорам, сад шукр...

Пешхидмат рӯзи дигар ӯро ба ошхонаашон бурда бо раиси ошхона шинос карду гуфт, ки агар ягон кор бошад, ин зани меҳнатдӯст ба анчом мерасонад.
Раиси ошхона ба ин чавонзани зебову ситорагарм нигариста гуфт, ки агар кори табакшуйиро ба ухда гирад, мархамат кор кардан гирад. Мохонааш дар як мох панчсад сомони мебошад.Лайло ба камии маош нигох накарда ба кор рози шуд.

Фарзандонашро дар хона танхо гузошта мерафту то бегохи дар ошхона табакшуйи мекард. Аз кори ошхона хаставу дастонаш шахшул ба хона бармегашт. Муддати як мох дар хонаи Саодат истоду онҳо бо хам чунон унс гирифтанд, ки мисли апаву хохар гаштанд.

Саодат соҳиби як духтарча буду фарзандонаш якчоя мисли як оила калон мешуданд. Лайло баъди каме пул чамъ кардан ба машшота рафта муйхои худро оро доду либосхои замонави харид.

Акнун Лайлои пажмурдаро шинохта намешуд. Ба як зани муносиби хушлибосу диккатчалбкунанда табдил ёфта буд. Раиси ошхона ин тайгирёбии уро дида нисбаташ хушомад мезадаги шуд.

-Лайлобону , руз аз руз зеботар шуда истодаед. Сирри зебоиатон дар чи бошад?
-Акнун раис мухобот кардед-да-шарм дошта мешуфт Лайло.
Раиси ошхона рӯзе ба Лайло гуфт, ки агар бемалол бошад, онҳо бегохи рафта дар ягон тарабхонае нишаста сухбат кунанд.

Лайло аввал чизе ҷавоб надода сипас охиста гуфт, ки майлаш. Ба Лайло аз рӯзи аввали шиносоӣ ин марди некдил писанд омада буд. Саодат хам хамеша сифатҳои хуби ӯро васф карда мегуфт, ки бехтарин мард аст раисашон. Дар тарабхонаи Нушин онҳо нишаста лулакабоби дастӣ фармоиш доданд. Лайло ин бегохи бо либоси атласи сабз дар назари Ҳабиб исли парии афсонави менамуд:

-Лайлобону, аммо ман то имруз дар бораи шумо чизеро намедонам.
-Ман як зани бадбахте хастам, ки бо тухмати ночо шавҳарам маро бо се кудаки кучак аз дар бароварда пеш кард. Гуё ки ман ба назди фолбин рафта уро чоду карда дар кисахояш тумор андохта бошам.

Хушдоманам аз рузи аввали келин шуда ба ин хона омаданам маро дуст надошт. Он руз хам дар кисаи писараш тумору ким чи хел чизхо андохта маро гунахкор карда гуфт, ки гуё ман назди фолбине рафта шавҳарамро чоду карда бошам. –якбора калби садпораи Лайло кушода шуда ба Ҳабиб тамоми саргузашташро нақл кард.Ҳабиб дар чавоб гуфт, ки бояд одамизод дар зиндагӣ мубориз бошад.


-Лайлобону ман ҳам дар зиндагӣ сахт азоб кашидаам. Падар надоштам, модарам шавҳар карда ба ман аҳамият намедод.Ба ёдам меояд, ки шабҳо маро падарандарам аз дар берун карда мегуфт, ки дар оғил хобам.

Ман аз каҳр рӯзе кордро гирифта ба шиками ӯ зарба задам.
Падарандарам кордро аз дастам чолокона гирифта ба дастонам паёпай чанд зарбаи ҷавоби гардонид. Ана мебинӣ ҳамон зарбаҳои лаънатӣ ин аст-Ҳабиб оринчашро, ки зарбаи корд осори худро гузошта буд, нишон дод.Зиндагӣ мисли саҳна аст, барои ҳамин зиқ нашав Лайлоҷон. Ман туро хоршави намемонам.Намегузорам, ки ту бо кӯдаконат азоб каши.


Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД