sebiston july new
Ман таърихам ё ҳушдор ба небарагони Оли сомон пас аз ҳазор сол (Монолог)
626

 

Ман таъхирам! Таърихи дунё! Таърихи дунёи қадиму ҷадид! Оне, ки беҳаду ҳисоб ҳодисаву воқеаҳо, таҳаввулоту дигаргуниҳо, бунёдкориҳои азиму харобкориҳои пурдаҳшатро дидааму шаҳодат медиҳам.

Тамаддуни башариро аз ғоз то имрӯз гувоҳам. Дар тӯли ҳазорсолаҳои беохир он қадар дидааму шунидаам, ки агар садяки онро ифшо кунам, боз ҳазорсолаҳо лозим, ки ҳазорҳо котибони ҳақиқатнигор, бале ҳақиқатнигор натавонанд аз ҳазор як ҳиссаи онро китобат кунанд. 

Ман Таърихам, таърихи башарият, вале алам дидаам аз худи башар. Банни башар бисёрҳо маро таҳриф намудаву ба нафъи тӯдае”сиёҳам”-ро сафеду “сафедам”-ро сиёҳ нишоМан таърихам

ё ҳушдор ба небарагони Оли сомон пас аз ҳазор сол 

(Монолог)н додааст. Наандешидааст, ки ман-Таърихам ва нисбати Ман чунин амали ноҷоро раво дидан хатои маҳз аст ва онҳое, ки ба тӯҳмату таҳрифи Ман даст мезананд, дар назди Ман рӯсиёҳ хоҳанд монд. Ва Ман ҳукм мебарорам, нисбати ин тоифаи таҳрифгар, ҳукми қатъӣ, ки онро касею чизе пок кардаву равонда наметавонад, зеро он ҳукми Ман аст-ҳукми Таърих! Ва ин ҳукм чун нақш дар санги хоро ва ҳатто аз он ҳам ҳазорҳо бор қавитар абадан боқӣ хоҳад монд!

Пас, эй Банни Башар, саҳифаҳоямро варақ бигардону аз он сабақ бигир-сабақи Таърих! Ақаллан ба як ҳазорсола пеш назар биафкану аз саргузашти аҷдодӣ, аз таъхири бобоёнат-Оли Сомон ибрат омӯз!

Ба ёд биёр, ки давлати бузурги Оли Сомон чаро аз байн рафт?!

Баъди он ҳазор сол ту дар ин сарзамин давлат надоштӣ! Қисме аз тамаддунатро араби бадавӣ аз байн бурду фарҳанги безаволатро муғули саҳронишин оташ бизад. Забонатро манғит маҳв кардан мехост дар тӯли ҳазор сол! Танҳо Ман тавонистам он ҳамаро бо вуҷуди тангназарии бадхоҳонат дар мағзи ҷони худ ҳифз кунам, зеро Ман-Таърихам!    

Акнун ту соҳибмулкӣ, эй набераи Оли Сомон! Ту соҳибдавлатӣ! Соҳибпарчамӣ! Забонат акнун дар ақсои олам аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон бо лаҳни гуворову шевои худ ба гӯши банни башар мерасад!

Ман-Таърихам ва туро ҳушдор медиҳам! Ба қадри ин муқаддасот-Мулк, Давлат, Парчам ва Забон бояд бирасӣ! Инро ман мегӯям бароят-Таърих!

Ту як бор фирефта шудӣ, ба дасисаву иғво дода шудӣ, бедавлат гаштӣ, ҳазор сол барои дигарон давлат кардӣ! Ман-Таърих ин ҳамаро гувоҳам. Азобатро дидам ва ниҳоят тараҳҳум кардаму ту бори дигар пас аз ҳазор сол соҳибдавлат гаштӣ. 

Акнун ҳушдорат медиҳам, эй набераи Оли Сомон! Онро бо дасту дандон биқап, ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм азиз бидору қадрдонӣ кун, Истиқлолияташро тақвият ва Ваҳдаташро густариш бидеҳ, ки бори дигар соҳибдавлат шуданатро дар ин ҷаҳони пур аз иғвою дасиса бо ин сиёсатмадорони моҷароҷӯйи худком кафолат дода наметавонам! 

Инро Ман-Таърих мегӯям бароятон, эй авлодони Оли Сомон ва эй мардуми Тоҷикистон! 

Ҳабибулло Ёров

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД