"Манчестер Юнайтед" бо 100 млн фунт бозигари нав мехарад
10.02.2026
Oila.tj
74

Бошгоҳи "Манчестер Юнайтед" нимҳимоятгари "Нюкасл" Сандро Тоналиро ҳамчун ивазкунандаи Каземиро медонад, нафаре, ки интизор меравад тобистони имсол бошгоҳи манчестериро тарк кунад.

ТВ “Варзиш” бо истинод ба The Telegraph иттилоъ медиҳад, ки нимҳимоятгари итолиёвӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятнок барои "манкунианҳо" дар бозори бозорӣ трансферӣ мебошад. Илова бар Тонали "Манчестер Юнайтед" инчунин нисбати Эллиотт Андерсон аз "Ноттингем Форест" ва Адам Уортон аз "Кристал Пэлас" таваҷҷуҳ дорад.

Гуфта мешавад, ки "Нюкасл" барои Тонали тақрибан 100 миллион фунт стерлинг маблағ гирифтан мехоҳад. Каземиро ба наздикӣ эълон кард, ки ин мавсим бо "Манчестер Юнайтед" барояш охирин хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД