Манъи кори муҳоҷирон дар самти таксӣ то соли 2027 тамдид шуд
14.12.2025
Oila.tj
104

Мақомоти Санкт-Петербург манъи кори муҳоҷиронро дар самти таксӣ ва интиқоли курерҳо то соли 2027 тамдид кардаанд. Ин маҳдудият аз тобистони соли 2025 эътибор дорад ва ба гуфтаи мақомоти шаҳр, "самаранокии худро исбот кардааст".

Губернатор Александр Беглов изҳор доштааст, ки тарсу ҳаросҳое, ки пеш аз ҷорӣ шудани манъсозӣ садо доданд, тасдиқ нашудаанд: "Оқибатҳое, ки мо аз онҳо метарсидем, рух надоданд. Ҳеҷ гуна фурӯпошӣ ё афзоиши чандкаратаи нархҳо вуҷуд надорад. Дар бозори меҳнат - ҳам дар самти курерӣ ва ҳам дар самти таксӣ - вокуниши муқаррарӣ вуҷуд дорад".

Ба гуфтаи маъмурият, норасоии қувваи корӣ мушоҳида нашудааст ва шаҳрвандони Русия ҷойҳои холии кориро фаъолона пур мекунанд.

Ин манъсозӣ ба хориҷиёне дахл дорад, ки бидуни раводид ба Русия омадаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД