Formula novemver 2024
Манижа духтарони тоҷикро ба Туркия бурда мефурӯхт
795


Дар вилояти Суғд як ҷавонзани 21-сола бо иттиҳоми ҷалби занону духтарон ба танфурӯшӣ дастгир шудааст.

Манижаи Неъматулло аслан сокини ҷамоати деҳоти ба номи Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, муввақатан дар шаҳри Хуҷанд иҷора менишастааст. Ин ҷавонзани 21-сола дар содир кардани ҷинояти даллагӣ ва бо мақсади ҷалб намудан ба танфурӯшӣ ба хориҷи кишвар бурдани занону духтарони тоҷик айбдор карда мешавад.

Тибқи фарзияи тафтишот Манижаи Неъматулло соли 2022 бо ваъдаи кори сердаромад ва ба даст овардани пули калон дар хориҷи кишвар ду зани тоҷикро ба Туркия бурда, ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст.

Гуфта мешавад, ки баъди расидан ба Туркия Манижаи Неъматулло ба гардани занҳо қарзи калонеро бор карда, онҳоро маҷбур намудааст, ки барои адо намудани қарзашон бо мардони бегона муносибат намоянд.

Суд Манижаи Неъматуллоро барои машғул шудан бо одамфурӯшӣ бо қисми 2-и моддаи 130-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста ба мӯҳлати 8, 6 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД