Arzon march 2024
МАНИЖАИ САНГИН БА ДАВРИ ФИНАЛИИ "ЕВРОВИДЕНИЕ" ГУЗАШТ
1203


Манижаи Сангин, тоҷикдухтари ҷасуре, ки чанд моҳ боз тамоми Русияро ба шӯр оварда буд, собит сохт, ки ӯ дар ҷодаи ҳунар шахси тасодуфӣ нест. Суруди “Русская женщина»-и ин сарояндаи ҷавон, ки ба назари аксари чеҳраҳои машҳури фарҳангу ҳунар ва ҳатто баъзе ходимони сиёсии сиёсати кишвари абарқудрати рус “як суруди пучу бемаънӣ” ва таҳқири ошкорои зани рус дар саҳна менамуд, аз ҷониби мухлисон ва ҳакамони озмуни байналмиллалии “Евровидение” баҳои хеле баланд гирифт.

Манижаи Сангин тариқи овоздиҳӣ ба “Евровидение” роҳ ёфта бошад ҳам, барои ин тарона борони танқиду таҳқир ба сари ҳунарманди ҷавон борида, баъзеҳо ҳатто талаб карда буданд, ки ба ҷойи ин сарояндаи тоҷиктабор ягон сарояндаи дигар ба “Евровидение” фиристода шавад, чунки Манижаи Сангин бо ин сурудаш шаъну шафари занҳои русро паст мезанад. Кам монда буд, ки барои ин суруд Манижаро ба суд кашанд, вале новобаста ба ҳама эродҳо сароянда бо азму иродаи қавӣ ба озмун омодагӣ медид ва билохира тавонист ба тамоми дӯстону душманонаш исбот намояд, ки ҳунараш арзандаи таҳсилу офарин аст.

Дирӯз дар Роттердам даври аввали озмуни байналмиллалии “Евровидение” барпо гашт ва Манижаи Сангин бо таронаи “Russian Woman” саҳнаро ба қавле “таркона” дар қатори 10 нафар ғолибони даври аввал ба даври финалии озмуни “Евровидение” роҳ ёфт.

Манижа бо либоси бисёр аҷиб ба саҳна баромада, ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Куртаи сароянда хеле бузург буда, аз пораҳои гуногуни матоъ, ки мухлисонаш аз гӯшаву канорҳои мухталифи Русия ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат ва эъитиқод ба Манижа фиристода буданд, дӯхта шуда, ба мисли мошин чарх дошт. Дар рафти иҷрои суруд Манижа аз либоси булаҷабаш берун омада, бо ин амалаш рамзан нишон дод, ки зани муосир метавонад ба осонӣ ҳама гуна қолабҳоро бишканад ва озодаву озод бошад.

Мусиқӣ, матни суруд, либос ва тарзи иҷроиши таронаи ҷаззоби “Russian Woman” ба мухлисону ҳакамони озмуни баландпояи “Евровидение” хеле писанд омада, ба ҳунари ин тоҷикдухтари ҷасур, ки Русияро намояндагӣ мекард, баҳои баланд доданд.
Дар даври аввали озмуни мазкур сарояндагон аз 16 давлат-Литва, Словения, Россия, Шведсия, Австралия, Македонияи Шимолӣ, Ирландия, Кипр, Норвегия, Хорватия, Белгия, Исроил, Руминия, Озорбойҷон, Украина ва Малта иштирок доштанд.
Ба даври финалӣ инҳо гузаштанд:
1. TIX бо таронаи Fallen Angel (Норвегия)
2. Эден Алене - Set Me Free (Исрил)
3. Манижа - Russians woman (Россия)
4. Самира Эфенди - Mata Hari (Озорбойҷон)
5. Дестини Чукуньере - Je Me Casse (Малта)
6. The Roop - Discoteque (Литва)
7. Элена Цагрину - El Diablo (Кипр)
8. Tusse - Voices (Швеция)
9. Hooverphonic - The Wrong Place (Бельгия)
10. Go_A - "Шум" (Украина).

Даври дуюми озмуни байналмиллалии “Евровидение” санаи 20-май баргузор хоҳад гашт. Дар ин озмуни баландпояи мусиқӣ кӣ ғолиб меояд, ба ин савол танҳо санаи 22-май баъди даври финалии озмуни байналмиллалии “Евровидение” ҷавоб гирифтан мумкин аст.

Шумо чӣ андеша доред: Манижаи Сангин дар “Евровидение” ҷойи чандумро мегирад?
Назари худро дар шарҳи мавод нависед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД