Arzon march 2024
Манижаи Сангин ба кӣ ба шавҳар баромад?
868


Одатан ситораҳои эстрада ва шахсиятҳои шинохта тӯй ва ҷашну маросимҳои худро хеле пуршукӯҳ ва ботантана мегузаронанд, вале овозхони ҷавону овозадори тоҷик Манижаи Сангин, ки Федератсияи Русияро дар озмуни баландпояи “Евровидение” намояндагӣ карда, як соли дароз дар сар то сари кишвари паҳновари рус шӯру валвала ангехта буд, тӯйи арӯсиашро хеле хоксорона гузаронидааст.

Маросими ақди никоҳи ин овозхони тоҷиктабори Русия дар як деҳаи начандон калон дар ҳалқаи дӯстони наздикаш баргузор гашта бошад ҳам, Манижа худро хушбахттарин арӯси олам мешуморад...

Ҷашни арӯсии Манижаи Сангин, овозхони тиҷикасли муқими Русия шоми 6- сентябр дар деҳаи Николиная Гора барпо гашта, ин бонуи зебову ҳунармнад ба коргардон Ладо Кватания ба шавҳар баромад. Ксения Собчак бо нашри чанд акс аз маросими ақди никоҳи Манижа ва Ладо дар Telegram-канали худ дар бораи тӯйи арӯсии ин сарояндаи овозадор хабар додаааст.Дар ин аксҳо Манижа бо либосҳои арӯсӣ мисли парӣ зебову дилкаш ба назар мерасад.

Аз табъи болидаи арӯс аёд аст, ки бо марди дӯстдоштааш риштаитақдирашро пайваста худро хеле хушбахту саодатманд эҳсос мекунад.
Ёдрас мешавем, ки деҳаи Никлиная Гора дар 30- километрии қисмати ғарбии шаҳри Маскав ҷйгир аст.
Манижаи Сангин айни ҳамзоди истиқлол буда, соли 1991 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, вале баъдан оилаи онҳо ба Русия кӯч баста, ин паричеҳра дар сарзамини рус ба вя расидааст. Соли 2021 Манижаи Сангин ба намояндагӣ аз Русия дар озмуни муътабари “Евровидение” иштирок намуда, дар байни 41 довталаб ҷои 9-умро гирифт ва нвобаста ба ҳама шӯру валвалае, ки мухолифинаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи Манижа ангехтанд, тавонист ба қатори овозхонҳои маъруфи Россия дохил шавад.

Манижа тасмим дорад, ки имсол бо як барномаи рангини ҳунарӣ меҳмони ватани аҷдодиаш гардад. Барномаи консертии Манижаи Сангин “Шаҳри Хуршед” унвон гирифта, санаи 9-октябри соли равон дар шаҳри Душанбе дар “Кохи суруш” баргузор хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД