formula
Мағозае, ки на савдогар дорад, на посбон
20.05.2023
ОИЛА
807

Барномасоз аз Шведсия Роберт Элиасон барои смартфонҳо замимаеро роҳандозӣ намуд, ки фурӯшгоҳҳоро аз хизмати хазинадору муҳофизон озод месозад.

Нуқтаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввали шаҳри Викен, ки 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар ҳафта кор мекунад, на хазинадор дораду на муҳофиз. Системаи огоҳонӣ ва 6 видеокамераи насбшуда молҳоро аз дуздӣ нигоҳ медоранд. Харидорон дар сомонаи он аз қайд мегузаранду дар смартфонашон замимаи махсусро насб месозанд.

Пасон, маҳсулоти табъи дилашонро интихоб карда, рамзашро ба сомона мефиристанд. Аз он ҷо варақи харид ва чек меояд. Пардохти маблағ тариқи электронӣ сурат гирифта, харидор метавонад онро дар муддати то 60 рӯз амалӣ намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД