goodwell
Марде, ки дар 28 сол ҷаҳонро пиёда давр задааст
24.10.2026
Oila.tj
85

Моҳи ноябри соли 1998 сокини шаҳри Ҳалли Англия Карл Бушби ҳамагӣ бо 500 доллар дар ҷайб ба саёҳати ғайриодӣ баромад. Ӯ қавл дода буд, ки то пиёда давр задани Замин ба хона барнамегардад. Он вақт Карли 29-сола ният дошт, ки сафарро дар 12 сол анҷом диҳад, аммо ин саёҳат 28 сол идома ёфт.

Бушби, ки қаблан 12 сол дар артиши Британияи Кабир хизмат карда буд, дар ин муддат ба 29 кишвар сафар намуда, чор қитъаро тай кард. Ӯ аз гулӯгоҳи яхбастаи Беринг гузашт, аз ҷангалҳои тропикӣ ва минтақаҳои хатарнок убур кард ва 186 милро шино карда, баҳри Каспийро паси сар намуд.

Қоидаи асосии ӯ истифода накардани ягон воситаи нақлиёт барои пеш рафтан дар масир буд. Ҳамчунин, ӯ қавл дода буд, ки то пиёда ба зодгоҳаш Ҳалл нарасад, ба хона барнамегардад. Ин саёҳат ба яке аз кӯшишҳои ғайриодии давр задани ҷаҳон табдил ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД