Sebiston new 2024 october
Зани коргар беҳтар ё хонашин?
3211

Имрӯзҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии ҷавондухтарон аз ҷониби ҳукумат чораҳои зиёде андешида мешавад, аммо аксаран духтарҳои хондагӣ баъди ба шавҳар баромадан дипломро дар таги сандуқ монда, хонашин мешаванд.

Сабаб: Шавҳар ба кор карданаи занаш монеъ мегардад ва бечора арӯсак маҷбур мешавда, ки ба хотири пойдории оилааш аз баҳри 5 соли меҳнат карда хонданаш гузарад.

Чаро мардҳои тоҷик аз зани босавод ва коргар мисли бало ҳазор мекунанд? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо бо чанд нафар мардон ҳамсӯҳбат гаштем.

 Саид, ронандаи микроавтобус:

Духтурро хонашин кардам

-Ҳамсарам маълумоти тиббӣ дорад, вале кор намекунад. Барои зан муҳимтар аз ҳама тарбияи фарзанд аст. Агар вай субҳ то шом дар кор бошад, кори хона, нигоҳубини кӯдакон ва пухтупазро кӣ ба ӯҳда мегирад. Занам бе кори давлат ҳам аз мӯйи сараш бештар кор дорад. Муҳим нест, ки дар ягон корхона фаъолият намояд. Сӯзандорӯи ҳамсояҳоро мегузаронад, ҳаминаш кифоя аст!

 Икром, сокини шаҳри Душанбе:

Маоши зан ба роҳпулӣ намерасад

Занам маълумоти олӣ дорад, лекин барои кор карданаш ҳаргиз иҷозат намедиҳам. Ман худ шабу рӯз заҳмат кашида, аробаи зиндагиро ба зӯр пеш мебарам. Барои ба даст овардани ду танга истироҳатро намебинам. Ман ҳам маълумот дорам ва он қадар бесавод нестам, аммо маоши медодаи корхонаҳои мо ба якҳафтаина хӯрок намерасад. Занҳо бошанд, ақаллан пули атру упою либосу роҳпулиашонро кор карда наметавонанд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки ҳоҷати ҷонашро дар азоб мондани ҳамсарам нест. Аз ӯҳдаи тарбияи комил додани фарзандамон барояд, кифоя! Аз ин дида хизмати арзандатареро аз занам интизор нестам.

 Зокир, корманди тиб

Ба пули зан ниёз надорам

Ҷавонон аз он ки духтарони маълумотдорро ба занӣ мегиранд, иштибоҳ намекунанд. Мақсади онҳо аз гирифтани зани соҳибмаълумот маишати зиндагӣ набуда, андешаи ояндаи дурахшон аст. Шахсан ман ба кор кардани занам, ки хеле босавод асту маълумотдор ниёз надорам. Аз ӯҳдаи таъмини зиндагӣ сад фоиз баромада метавонам. Вақте дар ҳаёт мушкилие пешпояш намедиҳад, пас ба кор кардан чӣ зарурат дорад? Модарашон ба фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳаду дар даврони пирӣ бе такягоҳ намонем, кифоя!

Фарҳод, сокини ноҳияи Ҳисор:

Оташи рашк ҷонгудоз аст

Ман занамро миёни мардони бегона фиристода наметавонам. Дилам ором намегирад. Ба ҳама маълум аст, ки чизе мисли оташи рашк сӯзанда нест. Пас занамро ноумед насозам гуфта, худам як умр ғуломи фикру андешаҳои ботил шуда, аз рашк ҷонамро азоб диҳам? Худатон як бор фикр кунед, ба мардҳо ҳам мушкил аст.

Зайниддин, аз шаҳри Норак

Зани босавод-роҳати ҷони мард

Зани хондагию босавод тафаккури бой дорад, соҳиби ҷаҳонбинии васеъ аст ва тарзи муносибату муоширатро хуб медонад. Бо доштани чунин зан ҳамеша хушҳолӣ ҳамсафари зиндагиат мегардад, зеро на аз омадани меҳмон метарсию на аз баҳои атрофиён. Инчунин, истиқболи хушу меҳрубонии самимонааш лаззати зиндагиро меафзояд. Маълумот гирифтани зан танҳо ба хотири кор кардан нест. Фарзандони боақлу солимро ба воя расонидан муқаддастарин вазифаи зан аст.

 


 

Шумо ягон бор ҳамсаратонро задед ё аз шавҳаратон шатта хӯрдаед?
Марде, ки занро мезанад, аз нигоҳи шумо кист: йигити ҳақиқӣ ё номард?

 


 

Шамсиддин, аз шаҳри Ваҳдат

Модарам келини дипломдор намехост

Замони донишҷӯӣ ба духтаре сахт дил додам. Духтарак дар факултети журналистика таҳсил мекард. Модарам, «журналистон ҳамеша аврупоӣ мепӯшанд»,-гӯён ӯро келин накард. Касе аз пайвандонам ба издивоҷи ман бо он духтар розӣ набуд. Деҳотиён чунин андеша доранд, ки духтарони таҳсилкарда нописанду мағруранду чӣ будани эҳтиромро намедонанд. Ман назди дилдодаам шарт гузоштам, ки агар ҳамеша либоси миллӣ пӯшаду эҳтироми пайвандонамро ба ҷо оварад, ҳамхона мешавем. Вай ҳамаи шартҳоямро қабул намуд. Ҳамин тавр, мо бо ҳам хонадор шудем. Ба хотири аҳде, ки бо волидонам баста будам, ба кор карданаш розӣ нашудам. Хушбахтам, ки ҳамсари ман беҳтарин келини модарам ҳисоб меёбад ва то имрӯз шикояте нисбаташ нашунидаам.

Акбар, аз ноҳияи Восеъ

Қасам хӯрд, ки занамро мекушад

Ман занамро бо тамоми ҳастӣ дӯст медораму барои амалӣ намудани орзуҳояш талош мекунам. Аммо масъалаи ҷиддие дар ҳаётам ба вуқӯъ омада, аз ба кор гузоштани ӯ ҳаросро дар ниҳоди ман бедор мекунад. Ман бо ҳамсабақам хонадор шудаам. Аз гурӯҳамон ҷавони дигаре ҳам мафтуни ӯ буд. Аз сабаби нисбат ба ман муҳаббати бештар доштанаш хоҳиши он ҷавонро рад намуда, ба издивоҷ бо ман розӣ шуд. «Ошиқи шайдо» қасам ёд кард, ки дар ҳар куҷое ҳамсарамро бинад, зинда намемонад. Ҳарфҳои ӯ маро дар ташвиш гузоштаанд, аз ин рӯ ба занам иҷозати ба ягон ҷо танҳо рафтанро намедиҳам.

 Абдуваҳҳоб, донишҷӯ:

Розигии волидон муҳим аст

-Оиладор шудаам, вале занам ҳанӯз дар донишгоҳ таҳсил мекунад. Ҳамин, ки донишгоҳро хатм кард, баъд дар бораи кор кардан ё накарданаш фикр мекунам. Ризогии волидонро низ ба инобат гирифтан муҳим аст.

 Фарзона Маҳмадиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД