formula
Марди варзобӣ ҷавони шаҳриро “кидат кард”
02.02.2022
Оила
1166

Дар байни мардум ақидае роиҷ аст, ки сокинони шаҳр нисбат ба мардуми деҳот ҳушёртару зирактар ҳастанд, вале як марди деҳотӣ ҷавонмарди шаҳриро гӯл задаву бо ваъдаҳои дурӯғ домонашро бо чормағзи пуч пур карда, 100 ҳазор сомонии ӯро аз худ намудааст.
Вазорати умури дохилии кишвар аз ошкор шудани боз як ҷинояти қаллобӣ ва ба чанг афтодани як шахси мардумфиреб хабар додааст. Боздоштшуда сокини ноҳияи Варзоб буда, 39- сол дораду дар ҷинояти қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.
Тавре, ки манбаъ мегӯяд, ҳанӯз моҳи сентябри соли 2019 ин марди варзобӣ ба боварии як марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, маблағи калон -100 ҳазор сомонии ӯро бо ваъдаи додани қитъаи замин аз истироҳатгоҳ гирифтааст.
Боздоштшуда маблағро ба манфиати худ сарф намуда, ба ваъдаи додааш бобати ҷудо кардани қитъа замин вафо накардааст.
Айни замон нисбати номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон б қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД