Formula novemver 2024
Марги 15-кӯдаки бегуноҳ аз хунукӣ
784


Хабари марги ҷигарсӯзи 15 кӯдаки бегуноҳ, ки аз хунукӣ ях карда мурдаанд, дили санги хороро ҳам об мекунад.

Чашм ашк мерезад, дил мисли кабоби рӯйи оташ месӯзад, вале бадбахтона бо нолаву фарёд ин тифлакони маъсумро зинда кардаву дубора ба ҳаёт бар гардонида намешавад....
Ин пора аз як хабари ҷонгудоз аст, ки имрӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштааст. Ҳодисаи мазкур дар Сурия, аниқтараш дар марзҳои шимолии ин кишвар рӯй дода, бар асари боришти зиёди барф ва сармои изғирингу хунукии шадид якбора 15 кӯдаки хурдсол ҷони ширини худро ба сахтӣ ба ҷонофарин супурдаанд.


Кӯдаконе, ки дар зери барфу ях монда, бар асари сармои хеле сахту тоқатнопазир ях карда мурдаанд, фарзандони оилаҳои камбизоат ва ятиму нимятим буда, дар урдугоҳ дар зери хайма-палаткаҳо зиндагӣ мекарданд ва бо сабаби норасоии маводи ғизоиву гармӣ ҷон додаанд. Вақте ки ҷасадҳои яхбастаи ин кӯдакони маъсумро аз зери барфу ях бо душвориҳои зиёд берун мебароварданд, дили санги хоро низ об мешуд ва гӯё Худованд низ ба ҳоли ин тифлакони бадбахт гиря мекард.
Ҷисми нозуки ин кӯдакони гурусна ва хору зор, ки бар асари ҷангҳои хунину бемаънӣ дар ин кишвар волидони худро аз даст дода, бехонаву бехонумон гаштанд ва билохира аз гуруснагиву хунукӣ бо сахтиҳои зиёд дар зери барф ях карда мурданд, моро ҳушдор медиҳад, ки эй одамизод, бас аст, оре баст аст, ҷангу хунрезиву кашмакашиҳо бо баҳонаи дину оин!
Аз фардои қиёмат андеша кунед, охир ҷавоби хуни ҳазорон-ҳазор одамони бегуноҳ шаҳид гашта ва тифлакони маъсумеро, ки бо касофати чунин ҷангҳои бемаънӣ то кунун азият мекашанд ва бо хориву зорӣ мемиранд, ба Худованд, ки холиқи ҷумла мавҷудот аст, чи гуна хоҳед дод?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД