Arzon march 2024
Марги падару писар дар як рӯз
417

Ду сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, падари 55-сола ва писари 30-сола бо мақсади тоза кардани қубури канализатсия, ки дар наздикии бозори «Фаровон» ҷойгир шудааст, ба чоҳ поин шуда, ба фоҷиа гирифтор шудаанд.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аввал падар ба чоҳ поин шуда, писар дар берун мунтазир мондааст, аммо баробари расидан ба умқ падар аз бӯйи гази метани хориҷшуда аз ҳуш меравад. Вақте аз падар садое намешавад, писар мехоҳад ӯро аз сӯрохӣ барорад, вале аз бӯйи газ беҳуш шуда, ба чоҳ меафтад.

Дар натиҷа бар асари заҳролуд шудан аз гази заҳрдор падару писар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон барои анҷоми амалиёти наҷот ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасади падару писарро аз чоҳи олуда ба газ берун оварда, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Тавре манбаъ менависад, ин ду на распиратор доштаанд ва на айнак.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД