goodwell
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои U-20 оғоз мешавад
28.08.2026
Oila.tj
52

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахаби ҷавонони то 20-сола рӯзи 31-уми август оғоз мешавад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «D» се бозӣ анҷом медиҳад. Футболбозони дастаи Тоҷикистон рӯзи 31-уми август бо мунтахаби Баҳрайн, 3-юми сентябр бо Афғонистон ва 6-уми сентябр бо Урдун рақобат хоҳанд кард. Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «D» дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Исо-Тауни Баҳрайн баргузор мешаванд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм роҳхат мегиранд.

Мунтахаби Тоҷикистон талош мекунад, ки дар марҳилаи интихобӣ натиҷаи хуб ба даст оварда, барои роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа мубориза барад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД