Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор додааст, ки имрӯз, 23-юми сентябр дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ифлосшавии ҳаво дар назар аст.
Сабаби ифлосшавии ҳаво туфони чангу ғубор мебошад, ки аз ҷануб ва ҷанубу ғарб бармехезад.
Ба сокинони минтақаҳои номбурда тавсия дода мешавад, ки аз сайругашт дар кӯчаю хиёбонҳо, махсусан дар наздикии роҳҳои калон худдорӣ намуда, аз корҳои саҳроӣ ва дигар амалҳое, ки ба саломатӣ зарар доранд, муваққатан даст кашанд.