Маросими видоъ бо Фирӯз Паллаев пагоҳ баргузор мегардад
292

Қалби овозхони 45-солаи тоҷик Фирӯз Паллаев дирӯз, 16-уми декабр аз тапидан бозмонд. Тавре дӯстон ва наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ин марди ҳунарманд дар пайи сактаи қалбӣ дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.

Фирӯз фарзанди ҳофизи машҳури тоҷик Душанбе Паллаев ва овозхони ансамбли “Сарез” буд. Фирӯз Паллаев бо таронаҳои марғуби эстрадиаш дар дили мухлисон маъво гирифта буд, вале риштаи умри ин марди ҳунар бармаҳал канда шуд.

Маросими видоъ бо Фирӯз Паллаев рӯзи 18-уми декабр баргузор гашта, ҷасади сароянда ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интиқол меёбад ва дар он ҷо ба хок супурда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД