sebiston july new
Маскав аз ҳисоби муҳоҷирон бой мешавад?
1606


Федератсияи Россия аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ торафт бойтар мешавад. Танҳо дар соли 2022 муҳоҷирони меҳнатие, ки дар шаҳри Маскав кор мекунанд, ба пойтахти Россия қариб ним миллион доллар фоида овардаанд.

“Аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2022 Маскав қариб 32 миллиард рубл фоида дидааст. Даромад асосан аз андозҳое мебошад, ки муҳоҷирон ба буҷҷаи Маскав супурдаанд”-гуфтааст Мария Багреева, роҳбари департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахти Русия ба хабарнигорон.

"Шаҳрвандони хориҷӣ ба иқтисоди шаҳр саҳми қобили мулоҳиза мегузоранд. Тайи солҳои 2015–2022 ҳаҷми воридот ба буҷаи Маскав аз ҳисоби фурӯши патенти кор ба 145 миллиард рубл расидааст, ки ин ҳудуди 2 фоизи андоз аз даромади шахсони алоҳидаро ташкил медиҳад ва яке аз се андози аз ҳама муҳим дар ташаккули буҷаи шаҳр ба ҳисоб меравад”-мегӯяд Багреева."

Ёдрас мешавем, ки қаблан мири шаҳри Москва Сергей Собянин низ саҳми муҳоҷиронро дар ташаккули буҷаи пойтахти Русия муҳим хонда гуфта буд, даромад аз фурӯши патент ба муҳоҷирон бештар аз андозҳоест, ки ширкатҳои бузурги нафт ва бензинфурӯшӣ ба буҷаи пойтахт месупоранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД