shoh palace
Мастӣ ҷавони беандешаро ба зиндон бурд
835

Зиёратшоҳ 23- сол дошта бошад ҳам, дар тӯли умраш барои модар кори хубе накарда, баръакс ҳамеша ӯро озору азият медодааст. Рафтори норлоиқи ин ҷавони модарозор аз чашми мақомт пинҳон намонд...

Тавре ки Раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар додааст, Шакаров Зиёратшоҳ, сокини шаҳри Душанбе ба ҷойи он ки дасти волидонашро бигирад, рӯ ба майзадагӣ овардаву пайваста нӯшокиҳои спиртӣ нӯшида, бо ҷангу ҷанҷол фазои носилимеро дар муҳити хонавода ба вуҷуд меовардааст.

"Бори охир ӯ дар ҳолати мастӣ ба хона омада, бо модар ва ҳамсару бародараш муноқиша намуда бо алфози қабеҳ онҳоро дашному ҳақорат додааст ва шаъну шарафи инсониашонро паст зада, бо дастчӯби махсуси омода кардааш таҳдид намудааст".

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Шакаров Зиёратшоҳ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Инчунин хонед:

Ҷавони мардумфиреб ба чанг афтид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД