САВОЛ:
- Ман 15 сол шуд, ки мастопатия дорам. Вақтҳои охир тамоми баданам сӯзиш мекунад. Ин метавонад нишонаи касалии саратон бошад?
Посухи саратоншинос Райҳонов:
- Мастопатия бемории хушфаъоли ғадудҳои ширӣ мебошад ва одатан худаш бевосита ба саратон табдил намеёбад. Сабабҳои беморӣ ба системаи асаб, тағйирёбии гормоналӣ ё бемориҳои сутунмуҳра алоқамандӣ дорад. Ҳангоми мавҷуд будани варам дар ғадудҳои ширӣ, дардмандии онҳо, калоншави андозаи варам ва пайдо шудани сӯзиш ба табибонон муроҷиат намудан лозим аст. Шумо бояд ба табиби гинеколог ва маммолог муроҷиат намуда, бо тавсияи онҳо аз ташхисҳои зарурӣ гузаред ва аз паси табобат шавед.