Arzon march 2024
Масъулияти падар дар тарбияи фарзанд бештар аст ё модар?
28.05.2023
ОИЛА
648



Ба саволҳои хонандагони «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Савол

Мардро сутуни хонадон мегӯянд, аз ҳамин хотир ман мехоҳам донам, ки дар тарбияи фарзанд масъулияти падар бештар аст ё модар? Зимни интихоби мактаби миёна барои таҳсил волидон бояд фикру ақидаи кӯдакро ба назар гиранд ё не?

Шаҳло, шаҳри Роғун.

Ҷавоб

Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу ӯҳдадорӣ мебошанд. Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ намоянд.

Падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд. Волидон вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд. Падару модар ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти фикру хоҳиши фарзандонашон муассисаҳои таълимӣ ва шаклҳои таҳсили онҳоро то давраи аз ҷониби онҳо гирифтани маълумоти умумии асосӣ интихоб намоянд.

Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар ҳуқуқу ўҳдадори ва масъулияте мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД