sebiston july new
Мавҷуда, зани муҳоҷир: Бачаҳоям аз ман ҳазар мекунанд
4427


Бекорӣ ва мушкилоти дигари ҳаёт солҳои охир дар радифи мардон занҳои тоҷикро низ муҳоҷир гардонидааст.

Аксари хонумҳое, ки дар кашидани аробаи зиндагӣ душворӣ мекашанд, роҳи наҷотро дар ёфтани кори сердаромад дар ин кишвар дида, рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Мавҷуда низ баъди бо се фарзанд аз шавҳар талоқ гирифтан роҳи Русияро пеш гирифт, то кор карда, ризқу рӯзии худу бачаҳояшро ёбаду таънашунави акаву янгаҳо нагардад. Дар муддати 10 сол ин зан тавонистааст бо меҳнати ҳалол хона бунёд намояд, бачаҳояшро ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил кунад, аммо подоши ин ҳама заҳматҳояш ҳамин шуд, ки имрӯз натанҳо хешу табор, балки бачаҳои худаш низ аз ӯ рӯ гардонидаанд. Бо хоҳиши Мавҷуда мо аз нашри акси ӯ худдорӣ намуда, дарди дили ин зани муҳоҷирро аз забони худаш пешкаши шумо месозем.

-Аввалан худатонро муаррифӣ менамудед.
-Ман Мавҷуда, сокини ноҳияи Варзоб. Номи деҳаамонро намегӯям, чунки аксарият оилаи моро хуб мешиносанд. Намехоҳам, ки қиссаи муҳоҷирии маро хонда, ба ҳоли падару бародаронам биханданд....

-Магар шумо ягон гуноҳи азим ё кори нобахшиданӣ кардаед?
-Намедонам инро гуноҳ бигӯям, хато ё бозии тақдир, вале имрӯз дар хонаи худам ба махав табдил ёфтаам. Бегонаҳо он тараф истад, ҳатто фарзандони худам аз ман рӯй гардонидаанд, ҳамроҳам дар сари як дастурхон намешинанд, маро оча намегӯянд, умуман аз ман ҳазар мекунанд...

-Пештар ҳам муносибати бачаҳоятон чунин буд?
-Пештар барои фарзандонам очаҷону барои хешу табор Мавҷудахон будам. 10-11 сол пеш шавҳарам барои дупула гап талоқи маро дода, аз дар берун намуд. Барои он ки бачаҳоям хору зор нашаванд, рӯ ба муҳоҷират овардам. Дар Русия як сол не, даҳ соли дароз меҳнат карда, чунон ранҷу азобҳое кашидам, ки худам медонаму худованд. Гоҳ косаю табақшӯӣ мекардам, гоҳ парастории кампирҳои аз пойи равон мондаи русро ба зимма гирифта, барои чор танга пул ахлоташонро мешустам, мисли кӯдак ба даҳонашон хӯрок мемондам, хулоса хар барин кор мекардам. Бо ҳамин хорию зориҳо дар Русия пул кор карда, як порча замин харидам ва барқасди шавҳари номардам, ки бачаҳои худашро соҳибӣ накарда, думболи як фоҳишаро гирифта буд, хонаи дуошёнаи барҳавои замонавӣ сохтам. Писари калониамро ба яке аз донишгоҳҳои бонуфуз дохил кардам, то ки хонда соҳиби касбу кор шавад ва дигар хурду калон якчашма гуфта, дар роҳу рӯ масхарааш накунанд. Духтарамро ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил намудам, то ки орзуҳои хокхӯрдаи модарашро амалӣ сохта, духтур равад. Писари кенҷагиамро ба яке аз гимназияҳои машҳур додам. Кӯшиш мекардам, ки барои фарзандонам тамоми шароитҳоро фароҳам биёрам, то хориву зориҳои дар кӯдакӣ кашидаашонро фаромӯш созанд, аммо ду сол қабл ба доми фиреби Абдусамад ном марди маккоре афтодам. Вай қасам хӯрд, ки занаш чанд сол пеш сари фарзанд рафтаасту дар бисоташ ҳамагӣ як писар дорад ва мехоҳад зане бигирад, ки барояш ақаллан як фарзанди дигар таваллуд кунад. Мо дар Русия никоҳ карда, зану шавҳар шудем. Абдусамад ваъда дода буд, ки баъди бачадор шудан ба Тоҷикистон омада, маърака меорояд ва бо хешу табори ман шинос мешавад, аммо то он вақт набояд ман ба наздиконам дар ин бора даҳон кушоям. Аз Абдусамад ҳомила шуда, духтарчаи зебоеро ба дунё овардам. Баъди аз таваллудхона баромадан ин марди маккор “ту дар ин ҷо бо тифли навзд азоб мекашт, биё кӯдакро мувақатан ба як занаки хеши ман дода, ҳардуямон боз чанд моҳ кор мекунему баъд бо пули калон ба хонаи шумо рафта, як маъракаи калон меороем” гӯён, маро фиреб карда, духтарчаамро гирифта рафт. Муддати шаш моҳ дар Русия шавҳари гумномамро ҷустуҷӯ намуда, билохира суроғаашро ёфтам. Маълум шуд, ки занаш зиндаву саломат будааст, аммо духтурҳо бачадонашро гирифта партофтаанду дигар таваллуд карда наметавонистааст. Ин марди маккор мани содаро бо гапҳои дурӯғ ба домаш афтонда, танҳо як мақсад доштааст-соҳиби фарзанд шавад! Вай кӯдакро бо ҳиллву найранг аз дасти ман гирифта, ба зани нозояш бурдааст.


Арӯсу домод каме ба тӯй дер карда бошанд ҳам, касе аз меҳмонон пай набурд, ки келинро иваз кардаанд.


-Фарзандатонро ба шумо баргардониданд ё ҳам аз шавҳар мондеду ҳам аз кӯдак?
- Зани Абдусамад “ман ин кӯдакро бо хуни ҷигар калон кардам” гуфта, фарзандамро ба ман бар гардондан намехост. Бо даводаву кашмакашиҳои бисёр духтарчаамро аз дасти кундошам кашида гирифтам ва чиптаи ҳавопаймо харида ба Ватан, ба хона баргаштам.

-Гуфтед, ки пайвандонам аз ман рӯ гардондаанд ва ҳатто фарзандони худам аз имрӯз ман ҳазар мекунанд. Чаро?
-Вақте ки ман бо тифлаки нӯҳмоҳа ба хона баргаштам, қиёмат гӯё қоим шуд. Ин бева рӯша сиёҳ мекунад, дар Россия бо ягон марди арманӣ ё озарӣ гашта, сағераи ҳаромӣ зоидааст гӯён, натанҳо бегонаҳо, балки пайвандони худам низ аз ман рӯй гардонданд. Бачаҳоям ҳамроҳам дар сари як дастурхон намешинанд, ҳатто духтарам бо ман гап намезанад. Дар хонаи худам ҳама аз ман ҳазар мекунанд гӯё махав бошам. Писари калониам ошкоро дар рӯям гуфт, ки сағераи ҳаромтаро нест кун ё ман додару хоҳарамро гирифта, аз ин касофатхона хона баромада меравам. Модарам ҳам мудом гиря карда, мегӯяд, ки сари моро дар дами пирӣ дар байни дӯсту душман паст кардӣ, ақаллан ҳамин ҳаромиатро бурда ба ягон сағерахона супор, ки гапи мардум камтар шавад.

-Акнун чи кор карданӣ ҳастед?
-Ростӣ байни обу оташ монда чӣ кор карданамро намедонам. Дилам намешавад, ки духтарчаамро ба сағерахона супорам, аз тарафи дигар, агар ин кӯдакро интихоб намоям, аз се фарзанди баркамол ва пайвандонам маҳрум мегардам. Онҳо ҳама қасам хӯрдаанд, ки агар сағераи ҳаромиамро нест накунам, маро оқ мекунанд ва аз баҳрам тамоман мегузаранд. Илтимос, роҳи ҳалли ин муаммои ҳаётиро ба мани дар байни чорсӯйи зиндагӣ дармонда бигӯед. Бегуноҳии худ ва ҳаромӣ набудани духтарчаамро чӣ хел исбот кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(11)
Назипа 2019-10-07, 23:35
Вай кудак чи гунах дорад.фарзандонатонба фахмоне.
Посух
Назира 2019-10-07, 23:36
Кудак гунох надорад сагерахона набаредаш.фарзандонатонба фахмонед
Посух
Jomi 2019-10-09, 15:09
Аввал инки зиндаги чои пинхони надорад бояд ошкор мекарди шавхар карданта баъд ки кори шудаги шуд фахмон бигу ки чунину чунон шуд як кор карда падари тифлро ёфта фарёд кун то аз ин мушкили барои
Посух
Нуров Jomi 2019-10-09, 16:38
Дуруст
Посух
Мм 2019-10-09, 15:26
Сабр кунед агар рост бошад худо рохи халашро нишон медихад факат сабр кунед.
Посух
Зафар 2019-10-09, 16:02
Абдусамадро ёбеду кудакро ба у супоред ё бо никох буданатонро ба хамаи онхое Ки Бовари надорад даказат кунед
Посух
Тожиддин 2019-10-09, 20:42
Сабр сабр сабр хамаш хуб мешавад Иншоллох
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(11)
Назипа 2019-10-07, 23:35
Вай кудак чи гунах дорад.фарзандонатонба фахмоне.
Посух
Назира 2019-10-07, 23:36
Кудак гунох надорад сагерахона набаредаш.фарзандонатонба фахмонед
Посух
Jomi 2019-10-09, 15:09
Аввал инки зиндаги чои пинхони надорад бояд ошкор мекарди шавхар карданта баъд ки кори шудаги шуд фахмон бигу ки чунину чунон шуд як кор карда падари тифлро ёфта фарёд кун то аз ин мушкили барои
Посух
Нуров Jomi 2019-10-09, 16:38
Дуруст
Посух
Мм 2019-10-09, 15:26
Сабр кунед агар рост бошад худо рохи халашро нишон медихад факат сабр кунед.
Посух
Зафар 2019-10-09, 16:02
Абдусамадро ёбеду кудакро ба у супоред ё бо никох буданатонро ба хамаи онхое Ки Бовари надорад даказат кунед
Посух
Тожиддин 2019-10-09, 20:42
Сабр сабр сабр хамаш хуб мешавад Иншоллох
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД