sebiston july new
Мавзуна Чориеваро ба вазифаи нав интихоб карданд!
4821

Бо тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъин карда шуд, - хабар додааст, дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, ин бонуи варзишгар ба ин вазифа дар ҷаласаи охири Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст. Мақсади асосии интихоби Чориева ба ин вазифа пайравӣ аз сиёсати ҳукумати кишвар оид ба баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа ва тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати риояи баробарии гендерӣ дар сатҳи роҳбарияти КМОТ аст.

Ёдрас мешавем, ки Мавзуна Чориева, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва чемпионати ҷаҳон, ҳамчунин чемпиони Осиё оид ба бокс мебошад. Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО Тоҷикистон фаъолият дошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД