goodwell
Мехоҳед ба Британияи Кабир ба муҳоҷирати меҳнатӣ равед?
08.09.2026
Oila.tj
162

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ширкати британиёии Agri-HR муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор дар Британияи Кабир даъват мекунад.

Музди меҳнат вобаста ба вазифа аз 700 то 1250 долларро ташкил медиҳад. Муҳоҷирон аз ҷониби ширкати корфармо бо манзил ва хӯрок пурра таъмин карда мешаванд.

Талаботи асосӣ:

- Синну сол: аз 18 то 45;

- Доштани шиносномаи хориҷӣ;

- Донистани забони русӣ ё англисӣ дар сатҳи гуфтугӯ;

- Надоштани доғи судӣ.

Бақайдгирии довталабон барои корҳои мавсимии саҳроӣ - кишоварзӣ дар Британияи Кабир аз 4 то 11-уми сентябр идома хоҳад кард.

Дархостҳо ба таври электронӣ танҳо тариқи сомонаи расмии Agri-HR (https://www.agri-hr.com/) қабул карда мешаванд. Ба хотири наафтодан ба доми қаллобон пеш аз фиристодани дархост ва маълумотҳои шахсиатон ҳатман бисанҷед, ки оё сомонае, ки шумо бо он сарукор доред, сомонаи расмии ин ширкат ҳаст ё не.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД