Sebiston new 2024 october
Меҳронаи Хайриддин ҳалвои тар мепазад
1755

Ҳалвои тар - яке аз ҳалвоҳои маъмул ва хеле шинохтаи тоҷикист, ки онро дар водиҳои Ҳисору Рашт хеле зиёд омода месозанд. Дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ пухтани ҳалво тарзу усулҳои ба худ хос дорад. Феълан дар меҳмонии саҳифаи “Ошхонаи “Оила” сарояндаи ҷавону хушсадо Меҳронаи Хайриддин қарор доранд, ки тарзи пухтани ҳалвои тарро ба хонандагони ҳафтанома тавсия медиҳанд.

-Меҳрона, аксари ҳунармандон ба пухтупаз ва кори ошхона қариб ки таваҷҷуҳ надоранд. Имрӯз қисмати зиёди чеҳраҳои шинохтаро аксаран дар тарабхонаву ошхонаҳои маъруфи пойтахт мебинем. Шумо ҳам ошиқи “KFC” ва “Burak” ҳастед?

-Фикр мекунам ҳар як бонуи тоҷик ва ҳатто ҳунармандону чеҳраҳои шинохта дар хонааш пухтупаз мекунад. Ҳунари кадбонугии маро беҳтараш аз наздиконам пурсон шавед.

-Баъзе духтарони имрӯза номгӯи хӯрокҳои миллиямонро умуман намедонанд. Дар хонаи шумо хӯрокҳои миллӣ омода мекунанд?

-Бале, хурду калони оилаи мо хӯрокҳои миллии тоҷикиро дӯст медоранд.

-Ин тавр бошад, барои мухлисонатон тарзи пухтан ё омода намудани ягон ширинӣ ё хӯроки миллиро тавсия дода метавонед?

-Бо ҷону дил. Мехоҳам тарзи пухтани ҳалвои тарро, ки онро аксаран барои субҳона омода месозанд, ба мухлисони худ тавсия диҳам.

-Барои пухтани ин намуди ҳалво кадом навъи маҳсулот бояд омода бошад?

-Ҳалвои тарро аз орди гандум, равғани зард ё дунба ва шакар мепазанд.

-Аз ин бармеояд, ки пухтанаш низ хеле осон будагист?

-Бале, барои бонувон омода намудани ин навъи ҳалво чандон душвор нест. Усули таҳияи он чунин аст: орди гандуми бехтаро то хурмоиранг шуданаш дар равған таф медиҳанд. Шарбати қандро алоҳида тайёр мекунанду ба болои орди бирён рехта, якзайл меомезанд. Пас аз 5-7 дақиқа ҳалвои тарро аз болои оташ гирифта, боз як бори дигар хуб меомезанд. Онро дар гармиаш ба табақчаҳои чуқур кашида, баъди хунук шуданаш ба шакли мураббаъ ё ромбчаҳои дар вазни 20-30 граммӣ мебуранд. Ба рӯи ҳалвои тар барои хушхӯр шуданаш мағзи кӯфтаи писта, чормағз ё бодомро мепошанд. Мағзро ба ҳалвои тар баъзан пеш аз тайёр шуданаш меандозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД