toyota motors
Месси дар шашумин Ҷоми Ҷаҳонии футбол иштирок мекунад
29.05.2026
Oila.tj
24

Ҳамлагар ва капитани мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар шашумин Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол иштирок хоҳад кард. Қаблан хабар дода шуда буд, ки футболбози 38-сола ба рӯйхати ниҳоии мунтахаби Аргентина барои Ҷоми Ҷаҳон-2026 шомил шудааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, барои Месси ин шашумин иштирок дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳон хоҳад буд. Ӯ пештар дар Ҷомҳои Ҷаҳони солҳои 2006, 2010, 2014, 2018 ва 2022 ҳунарнамоӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Ҷаҳонии қаблӣ дар Қатар мунтахаби Аргентина бо роҳбарии Месси қаҳрамони ҷаҳон гардид. Аргентиниҳо дар финали пуршиддат мунтахаби Фаронсаро мағлуб карда буданд.

Ҷоми ҷаҳон-2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Мунтахаби Аргентина дар марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаҳои Алҷазоир, Австрия ва Урдун рақобат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД