formula
МИЛИТСИЯИ ПОЙТАХТ ДУ НАФАРРО БО ҶУРМИ ҚАЛЛОБӢ ДАСТГИР КАРД!
1345

Қаллобию аввомфиребӣ ва сӯистифода аз боварии шаҳрвандон амали пастест, ки оқибат ҷавобгарии ҷиноиро талаб мекунад ва қаллбро дар назди ҷомеа рӯсиёҳу шарманда месозад.

Бо кӯшиши милитсияи пойтахт дар як рӯз ду қаллоб ба даст афтод. Тибқи иттилои ВКД ба Шӯбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ариза марди 39-солаи сокини Ҷамоати деҳоти “20 - солагии шаҳри Ваҳдат” муроҷиат намудааст.

Ба гуфти даъвогар санаи 25 феврали соли 2020, дар шаҳри Душанбе кӯчаи Дӯстии Халқҳо марди 33 - солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 105 ҳазор сомониро гирифта ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Беларусия 1 адад трактор харидорӣ намуда, ба ӯ равон мекунад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Ҳамзамон, ба ШВКД - 1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷавони 22 - солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар давоми солҳои 2018 - 2019 дар кӯчаи Мушфиқӣ ҷавони 24 - солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 5 ҳазору 600 доллари амрикоӣ ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоӣ ва нуқрагинро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ин нафарон аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД