formula
Миллионере, ки хушбахтии худро дар кӯдакони маъюб дарёфтааст
458
no-img


Аз миллиарддери ҳинд Ратан Тат, ки дороияш як миллиард доллар мебошад, пурсиданд:

– Дар зиндагӣ кадом вақт бештар хушбахт будед?
– Чор марҳиларо паси сар кардам, то мафҳуми воқеии хушбахтиро дарёбам. Нахуст, сарват меғундоштам, вале он хушбахтиеро, ки мехостам, дарнаёфтам. Баъдан, марҳилаи дувум шуруъ шуд: ҷамъоварии молҳои гаронарзиш. Дарк кардам, ки самараи ин ҳам муваққатист. 

Сипас, марҳилаи сеюм, лоиҳаҳои бузург оғоз гардид. 95 дарсади захираҳои нафти Ҳиндустон ва Африқоро дар ихтиёр доштам. Дар ин ҷо ҳам хушбахтиро эҳсос накардам. Марҳилаи чорум фаро расид: як дӯстам аз ман хоҳиш кард, то барои 200 кӯдаки маъюб аробачаҳои махсус бихарам.Ин хоҳиш иҷро шуд.

Дар чеҳраи кӯдакон дурахши хушбахтиро дидам. Дидам, ки онҳо дар аробачаҳо нишаста ҳаракат ва бозӣ мекарданд. Он лаҳза ботини худро аз нури бахт мунаввар дарёфтам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД