formula
МИЛЛИОНЕРРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОДАМУ….
10322

 

Оилаи мо камбағал буд ва модарам ҳамеша орзу мекарданд, ки ба ягон давлати хориҷӣ рафта, пули бисёр кор карда биёянду мисли дигарон одам барин зиндагӣ кунем. Азбаски модарам ин орзуяшонро ҷомаи амал пӯшонда натавонистанд, ман аҳд кардам, ки мехонаму муроди дили модарамро ҳосил мекунам.

Аъло хонда бе кӯмаки ягон кас донишҷӯ шудам ва донишгоҳро низ бо дипломи сурх хатм кардам. Забони арабиро, ки хуб медонистам, бахтам хандиду бо воситаи интернет дар як кишвари Араб кор ёфтам. Модарам маро бо гиряву нола гусел карданд. Дар Арабистон дар ҳавз наҷотдиҳанда шуда кор кардам. Рӯзе як мард дар об ғарқ шуд ва ман ҷонамро дар хатар гузошта ӯро бо азобҳои алим аз марг наҷот додам. Беҳуш буд марди ғарқшуда ва чун ба худ омад, шукри оллоҳ гуфта, миннатдорӣ намуду худашро шиносонд. Писари яке аз шайхҳои номдори араб будааст, номаш Абдулхайр. Барои ҷонашро наҷот доданам ба ман пули калон дод. Ман, ки дар умрам ин қадар пулро надида будам, қариб беҳуш мешудам. Аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Абдулхайр рақами телефонашро ба ман дод ва хоҳиш кард, ки минбаъд ҳардуямон дӯст шавем. Таклифашро қабул кардам. Пулро ба модарам фиристода ҳамаашро нақл кардам. Модарам хурсанд шуда, дуои ҷони он ҷавони олиҳимматро намуданд.

Ҳамин тавр ману Абдулхайр дӯст шуда мондем. Ӯ маро ба тарабхонаҳо мебурд, пул медод, хуллас, ҳаматарафа дастгирӣ мекард. Рӯзе ҷониби масҷид равон будем, ки аз пешамон се ҷавон баромаданд. Якеаш қасдан Абдулхайрро бо китфаш зад ва гапҳои қабеҳ гуфта гузашт. Абдулхайр ба ғазаб омада бо мушт ба сараш чунон фаровард, ки ба замин яксон шуд. Рафиқонаш корд бароварда Абдулхайрро заданӣ шуданд. Ҷонҳавл худамро пешаш сипар намудам. Корд ба шиками ман расид ва пеши чашмонам торикистон шуд. Вақте ки чашмонамро кушодам, аллакай дар беморхона будам. Дар болои сарам Абдулхайр ва боз як марди ношинос нишаста буданд. Абдулхайр чун дид, ки ман ба ҳуш омадам, сарамро сила кард ва марди ҳамроҳаш бударо шиносонд. Падараш Абдулло ул Малик будааст. Шайх ба ман миннатдорӣ баён кард, ки ду бор писарашро аз марги яқин наҷот додам ва баромада рафт.

Ҳамин тавр то аз беморхона баромаданам онҳо парасторам буданд. Бароям хӯрокҳои беҳтаринро меоварданд. Вақте ки аз беморхона баромадам Абдулхайр гуфт, ки падараш ба ман тӯҳфа карданист. Ҳардуямон поён фаромадем. Падараш табассумкунон маро истиқбол гирифта ба дастам калиди мошин дод. Ҳайрон шудам. Шайх бо даст сӯйи мошини BMW ишора намуд. Фаҳмидам, ки сюрпризи гуфтаашон ҳамин аст. Ба мошин нишастам. Дар курсии пеш ҷомадони кушодае буд. Дарунаш пур аз доллар. Аз мошин фаромада ба шайх гуфтам, ки пулҳояшро фаромӯш кардааст. Даст афшонда гуфт, ки ҳар чӣ дар мошин ҳаст, моли туст ва пурсид, ки оё маълумот дорам. Гуфтам, ки дар ватанам донишгоҳро бо дипломи сурх хатм карда будам. Шайх маро ба коргоҳаш ба кор гирифт. Имрӯз ҳазорон бор худоро шукр мегӯям, ки ба мулки ғурбат оварда бо чунин одамони саховатманд ошно намуд.

Суҳайлӣ аз АМА

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД