Arzon march 2024
Муштзӯрии тоҷикбача ба сараш бало овард
10879


Саннаи 3-юми декабар дар интернет навори видеоие пайдо шуд, ки дар он Абдулло ном ҷавонписари тоҷик аз куштори як муҳоҷири тоҷик дар яке аз дискокулубҳои шаҳри Маскав хабар медиҳад.

Аз рӯйи гуфти Абдулло ин ҷавони тоҷик дар ҳолати сархушӣ бо як гурӯҳ ҷавонони рус даст ба гиребон шуда, дар натиҷа аз лату кӯби ин ҷавонон ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Ному насаби ҷавони кушташуда маълум нест, вале шоҳидони ҳодиса дар сӯҳбат бо хабарнигорони VESTI.RU дар марги ин ҷавони тоҷик худи ӯро гунаҳкор намудаанд. Аз рӯйи гуфтаҳои онҳо гӯё тоҷикбачаи кушташуда муштзӯриашро нишон доданӣ шуда, бо бадахлоқӣ айши чандин одамонро дар дискокулуб талх намудааст. Ҷасади ин ҷавони тоҷикро аз партофгоҳ пайдо намуда, ба морги шаҳри Маскав интиқол додаанд.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пул ҷамъ карда, тобути ин ҷавони ғуррамаргро, ки зодаи Дарвоз будааст, ба Ватан фиристоданд.


Ба гуфтаи Сафарбек ин амали дасти тоссарҳои рус буда, ҷиноят тахминан соатҳои 12-и шаби гузашта дар шаҳри Люберции вилояти Москав сурат гирифтааст.


Ёдрас мешавем, ки ба ҳамин монанд як ҳодисаи даҳшатангези дигар чанд рӯз дар шаҳри Люберци рӯй дода, як ҷавони тоҷикро чӯб зада кушта буданд. Сафарбек, як муҳоҷири меҳнатии тоҷик навишта буд, ки ин ҷинояти мудҳишро тоссарҳои рус содир намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД