Arzon march 2024
Митхун кӯдаки аз қуттии партов ёфтшударо ба фарзандӣ қабул кард
4856


Яке аз устодони синамои Ҳинд ва ситраи №1-и Болливуд Митхун Чакраборти пас аз 24-сол бузургтарин сирри зиндагиашро кушод. Маълум мешавад, ки духтари ягонаи ин ситораи дурахшони синамо дар асл фарзанди худаш набуда, Митхун Чакраборти духтарчаи аз даруни қуттии партов ёфтшударо ба фарзандӣ қабул кардааст.
Марди машҳуре, ки духтарбозӣ намекунад
Одатан мардони машҳур ва бою бадавлат дар зиндагии оилавӣ хушбахт нестанд. Ҳар рӯз дар саҳнаи ҳунар бо як нозанин шинос шудан ва пай дар пай нақшҳои ошиқона офарида, худро ҳамеша Маҷнун тасаввур кардан, аксари овозхон ва ҳунармандони машҳури театру киноро булҳавас, занҷаллоб ва бевафою духтарбоз месозад, вале Митхун Чакраборти аз ин тоифа нест.
Чакрабортӣ то кунун аз ҳама актёри серхиридори Ҳиндустон ба шумор рафта, барои ҳар як филмаш миллион-миллион доллар ганорар мегирад, вале ситораи синамо ва миллионер бошад ҳам, духтарбозу занҷаллоб нест. Ин марди машҳур як умр ба ҳамсараш вафодор монда, фарзандонашро аз ҷонаш бештар дӯст медорад.
3 паҳлавону 1 шоҳдухтар

се паҳлавону як шоҳдухтар
Митхун Чакраборти ва ҳамсараш Йогита Бали дар зиндагии оилавӣ хушбахт буда, се писар ва як духтари нозанин доранд. Зану шавҳар духтари ягонаашон Дишаниро аз ҷонашон бештар дӯст медоранд ва чизеро барои ин нозанин дареғ намедоранд. Дишани борҳо дар сӯҳбат бо журналистон бо ифтихор гуфтааст, ки падару модар ва акаҳояш ӯро мисли шоҳдухтар эрка карда, чун гавҳараки чашмонашон эҳтиёт мекунанд. Духтарак чеҳраи мисли фаришта зебо дошта, роҳи падари машҳурашро идома доданист. Айни замон Дишани Чакраборти дар киноакадемияи Нью-Йорк таҳсил мекунад ва нияти актрисса шудан дорад, аммо...
Сирре, ки баъди 24-сол фош гашт

митхун кӯдакиш ба калониш
Аз оғоз дар байни мухлисони ситора миш-миш буд, ки дар асл Митхун Чакраборти танҳо се писар дорад ва духтарашро аз хонаи кӯдакон гирифта фарзандхонд кардааст, вале то куҷо ҳақиқат доштани ин овоза маълум набуд.
Ниҳоят баъди 24-сол худи Митхун Чакраборти ин сирро кушода, дар сӯҳбат бо журналистон иқрор шудааст, ки Дишани духтархондаш аст. Аҷибаш он аст, ки ситораи №1-и Ҳиндустон кӯдакӣ аз қуттии партов ёфтшударо ба фарзандӣ қабул карда, мисли шоҳдухтар ба сад ноз парвардааст.
Кӯдак дар қуттии партов
Тифлаки маъсум дар даруни қуттии партов дасту по зада, бо тамоми овоз гиря мекард, вале касе аз роҳгузарон ба кӯдак наздик намешуд. Кадом зани бераҳме баъди таваллуд кардан фарзандашро ба қуттии партов партофта рафта буд ва мардум “ҳаромӣ” гӯён, рӯяшонро аз ин тифлаки бегуноҳ метофтанд. Кӯдак пистони модар ҷуста, бо тамоми овоз мегирист ва гӯё пеши худованд нола карда имдод мехост...
Ниҳоят дили як марди роҳгузар ба ҳоли ин тифлаки бегуноҳ, ки аз гуруснагӣ ва гиряи бисёр беҳолу бемадор шуда буд ва акнун мисли гурбачаи нимҷон базӯр овозаш мебаромад, сӯхта, кӯдаки бадбахтро аз ахлотқуттӣ берун оварду ба пиҷаки танаш печонда ба беморхона бурд. Маълум шуд, ки тифлаки аз қутти ахлот ёфтшуда духтарча аст, вале чанд соат дар байни ахлоттӯда хобидан ба саломатии кӯдак таъсири манфӣ расонида, бемор шудааст.
Хабари ёфт шудани тифли навзод аз даруни қуттии партов дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва рӯзномаҳои Ҳиндустон нашр шуда, дар сар то сари кишвар ғулғула афканд. Муддати як ҳафта дар ҳама ҷо хурду калон танҳо дар бораи кӯдаки аз ахлотқуттӣ ёфтшуда гап мезаданд, вале баъд ин хабар кӯҳна шуда, духтарча ба олами фаромӯшӣ рафт..

митхун ҷунуна 2

Ситорае, ки дили раҳмгин дорад
Ягона шахсе, ки ин тифли маъсумро фаромӯш накард, ситораи дурахшони синамои Ҳинд-Митхун Чакраборти буд. Ҳамон солҳо Митхун хеле машҳур ва чунон серкор буд, ки вақти сархорӣ намеёфт, вале симои он тифли бадбахт ҳеҷ аз пеши назараш дур намешуд. Ҳунарманд чанд шабу чанд рӯз дар бораи кӯдаки аз қутти партов ёфт шуда, фикр карда, шабҳо то саҳар як лаҳза мижа таҳ карда натавонист. Ниҳоят қарор дод, ки ба беморхона ба аёдати тифлак меравад.

митхун ҷунуна дар оғӯши падар
Аз нақли ҳамсари Митхун

“Митхунро хурду калон мешинохтанд, вақте мо ба беморхона рафтем, тамоми бемористон ба по бархост. Табибон, ҳамшираҳои шавқат ва роҳбарияти беморхона дар атрофамон парвонавор давр мезаданд, вале Митхун бо дидани ин тифлаки бемор, ки базӯр-базӯр нафас мекашид, худро дошта натавонист, гирён шуд ва пешниҳод кард, ки духтарчаро ба фарзандӣ қабул кунем. Ман хурсанд шуда, дарҳол таклифи шавҳарамро қабул кардам, чунки мо чанд сол боз дар орзуи духтар будем. Ба фарзандӣ қабул кардани кӯдаки бегона чандон кори осон набудааст, барои тахт кардани ҳуҷҷатҳо вақти зиёде сарф шуд. Рӯзе, ки ман бори аввал ин духтарчаи нозанинро ба оғӯш гирифтам, хушбахттарин рӯзи ҳаётам буд”,-қисса мекунад ҳамсари Митхун Чакраборти Йогита Бали.

митхун ҷунуна бо салмон хон
Духтари шоҳи синамо
Зану шавҳар духтархондашонро Дишани ном ниҳода, чун гавҳараки чашмонашон эҳтиёт мекарданд. Се писари Митхун низ аз рӯзҳои аввали дар хонаашон пайдо шудани тифлак ба духтарча меҳр баста, хоҳарчаашонро сахт дӯст доштанд. Се бародар мисли се паҳлавон мудом дар хизмати Дишани буданд ва намегузоштанд, ки ба пойи хоҳари ягонаашон хоре халад.
Ҳамин тавр Дишани дар хонаи ситораи дурахшони синамои Ҳинд-Митхун Чакраборти мисли шоҳдухтар нозпарвард ба воя расида, имрӯз ба маликаи ҳақиқӣ табдил ёфтааст.
Митхун ва ҳамсараш аз Дишани пинҳон намедоранд, ки онҳо падару модари аслиаш нестанд, вале духтарак худро дар ин оила ҳатто як лаҳза ҳам бегона ҳис накардааст, чунки падархонду модархондаш ӯро ҳатто аз фарзандони худашон ҳам бештар дӯст медоранд.
Дишани чунон духтари нозанине шудааст, ки кас аз тамошои чеҳраи мисли фаришта зебояш сер намешавад. Ӯ ният дорад роҳи падари машҳурашро идома дода, чунон актриссаи машҳуре шавад, ки натанҳо волидону бародаронаш, балки тамоми мардуми сарзамини паҳновари Ҳиндустон бо ӯ ифтихор намоянд.

митхун кӯдакии ҷунуна
Бозии тақдир
Модари аслии Дишани кист? Чаро ин зан аз фарзандаш рӯй гардонда, баъди таваллуд кӯдакро ба қуттии партов партофтааст? Падараш зинда аст мурда?-Ба ин саволҳо касе ҷавоб гуфта наметавонад, зеро модари духтарак баъди партофта рафтани кӯдак дигар тамоман аз худ дарак надодааст.
Хушбахтона, худованд раҳми ин духтарчаро хӯрду марди меҳрубоне ӯро аз қуттии партов берун овард ва марди дилсӯзи дигар тифли аз ахлотқуттӣ ёфтшударо ба фарзандӣ қабул карда, мисли шоҳдухтар бо ноз парварид. Ин ду марди меҳрубон намебуданд, тақдири духтарча чӣ мешуд, тасаввур карданаш душвор аст!

ҷунуна дар пеши оина

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД