goodwell
Модар ҳаёти духтарашро сӯхт
19.10.2026
Oila.tj
187

Саргузашти як нафарро хондаму хотирае аз солҳои мактабӣ ба ёдам омад. Хотирае талх, ки ҳар бор ба ёдам меояд, дилам фишурда мешавад.

Он солҳо дар мактаби мо як ҷуфти ошиқ буд. Мо онҳоро шӯхиомез «Лайливу Маҷнун»-и мактаб мегуфтем. Қариб ҳама медонистанд, ки онҳо якдигарро дӯст медоранд. Муҳаббаташон пинҳонӣ набуд ва ҳар ду орзу доштанд, ки баъди хатми мактаб зиндагии муштарак оғоз кунанд.

Ман бо хоҳари он духтар ҳамсинф ва дугона будам. Аз ҳамин сабаб, каму беш аз воқеаҳои зиндагии онҳо хабар доштам.

Баъди хатми мактаб писар хостгор фиристод. Аммо модари духтар ба ин издивоҷ розӣ нашуд. Ба андешаи ӯ, ҷавон муносибу сазовори духтараш набуд. Духтар борҳо кӯшиш кард, ки модарашро розӣ кунад, вале ҷавоби модар ҳамеша як буд: «Не».

Барои духтари ҷавоне, ки ояндаашро танҳо бо дӯстдоштааш тасаввур мекард, ин зарбаи сахт буд. Ӯ дар ҳолати ноумедӣ даст ба амали фоҷиабор зад ва худро оташ зад. Вақте наздикон ба наҷоташ расиданд, қисми зиёди баданаш сахт сӯхта буд.

Ӯ муддати дароз дар беморхона табобат гирифт. Танҳо баъд аз ин фоҷиа модараш фаҳмид, ки муқобилияти ӯ чӣ оқибате ба бор овардааст. Пас аз тақрибан як моҳи табобати духтар, модар пушаймон шуда, ба хонаи ҷавон рафт ва гуфт:

- Биёед, духтарамро келин кунед. Ман розӣ ҳастам.

Аммо ин дафъа ҷавоби рад аз ҷониби дигар омад. Модари писар гуфт, ки дигар намехоҳад писараш бо он духтар издивоҷ кунад. Ӯ ранҷишашро аз он пинҳон накард, ки қаблан дили фарзандашро шикаста буданд.

Ҳамин тавр, вақте як тараф розӣ шуд, тарафи дигар дигар розӣ набуд.

Духтар зинда монд, вале захмҳои ҷисмонӣ ва рӯҳии он ҳодиса ӯро дигар накарданд. Ӯ ду соли дигар зиндагӣ кард ва баъдан аз дунё гузашт.

Солҳо гузаштанд. Он ҷавон баъдтар оиладор шуд ва имрӯз, то ҷое медонам, зиндагии хубу осуда дорад. Аммо сарнавишти он духтар ҳанӯз дар хотири ман мондааст.

Ин қисса барои ман ҳамеша як сабақ аст, баъзан як қарори саросемавор, як «не»-и беандеша ва гӯш надодан ба фарзанд метавонад оқибате дошта бошад, ки дигар ҳеҷ пушаймонӣ онро ислоҳ намекунад.

Бо эҳтиром, ЛОЛАБОНУ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД