arzon replenishment
МОДАРАМ АЗ КЕЛИНИ УРУС БЕЗОР АСТ
15.11.2020
Р. Азимӣ
3553

 

Салом! Салмон ҳастам. Салмони ошиқи зор! Дар курси охири яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Маскав таҳсил мекунам. Аллакай шаҳрвандии Русияро ҳам гирифтаам.

Албатта аз тоҷик буданам ифтихор мекунам, вале аз сабаби он ки чандин сол боз дар Руссия зиндагӣ мекунам, хислати аврупоӣ дорам. Аня ном духтараки русро дӯст медорам ва мехоҳам бо ӯ хонадор шавам, вале падару модарам ба издивоҷи мо муқобил баромада, ду пояшонро дар як мӯза андохта истодаанд, ки зани тоҷик мегирӣ. Духтари кадом як хешамонро таги чашм кардаанду мехоҳанд риштаи тақдирамро бо ӯ пайвандам. Ҳарчанд мегӯям, ки худатон фикр кунед, чӣ хел ман бо духтаре, ки хислату рафторашро намедонам, зиндагӣ мекунам, маро ҳатто шунидан намехоҳанд.

Лабу лунҷашонро овезон карда мегӯянд, ки мо аллакай гапро бо соҳибони духтар пазондем, магар ту моро дар назди онҳо шарманда кардан мехоҳӣ?! Модарам иддао дорад, ки агар зани рус бигирам, шири покашро ба ман намебахшад. Аня рус бошад ҳам, духтари хубу боодоби донишманд аст, ӯро аз даст додан намехоҳам, вале ҳеҷ дили волидонамро ёфта натавониста истодаам. Падару модарам бо як овоз аз келини урус безорем мегӯянд. Ҳайрони зор мондаам, ки чӣ кор кунам. Волидони Аня одамони сарватманданд, аввал онҳо ҳам ба издивоҷи мо зид буданд, вале баъди шиносоӣ бо ман бо ҷону дил розӣ шуданд, ки духтарашон келини тоҷикҳо шавад. Ман духтарони тоҷикро ҳаргиз паст заданӣ нестам, вале чи кунам, ки дилам ба доми кокулони тиллоии ин духтари рус асир гаштааст. Симои зебои Аня лазҳае аз пеши назарам дур намеравад.

Айни замон худам дар Тоҷикистон бошам ҳам, ҳушу ёдам ҳамеша бо ӯст. Аз рӯзе, ки ишқи ману Аняро шунидааст, падарам тӯтивор як гапро такрор карда “мо туро ба Маскав хонданӣ фиристода будем, на зангирӣ” гӯён, ҷонамро ба лабам меорад. Аня парешонхотириамро эҳсос карда, кунҷкобӣ мекунад, ки бо ман чӣ шудааст. “Я сильно соскучился по тебе» гӯён, дилашро пур мекунам, вале дили худам дар ларза аст, ки мабодо волидонам зӯран ҳамон тоҷикдухтарро ба сари ман бор накунанд.

Сарҳисоби корамро гум кардаам, аз ин рӯ ба «Оила» муроҷиат намудам, то аз хонандагони рӯзгордидааш кӯмак пурсам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Ба Маскав парвоз карда бе розигии волидонам Аняро ба занӣ бигирам ё аз баҳри ишқам гузашта бо як тоҷикдухтаре, ки хислату хӯяшро намедонам, хонадор шавам?

Салмон, хонандаи “Оила”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД