arzon replenishment
Модарро бо ду фарзандаш кӣ ба ҳалокат расонд?
1579

 

Садамаҳои нақлиётӣ ҳамеша дар пай ҳодисаҳои нохушро ба бор меораду дар аксар ҳолат хонаводаи оромеро мотасарой мекунад.

Ҳодисаи нохуше, ки рӯзи 14-уми август, тахминан соати 23:30-дақиқа аз тарафи як ронанда сар зад, айнан ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад. Тавре Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, Гулямов Меҳроҷиддин, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Камри», соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Меҳробод бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, шаӽрванд Расулова Манижа Ҷамшедовна, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри мазкурро бо ду фарзандони хурдсолаш, Хуҷаев Абдумуслим Муродалиевич, соли таваллудаш 2017 ва Ҳуҷаев Абдулло Муродалиевич, соли таваллудаш 2022, пахш намудааст.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш Расулова М.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва фарзандони ноболиғаш дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Аз ин рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД