sebiston july new
Моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ
634

Дар моҳи ҳафтум кӯдаки дохили шикам комилан бутун шудааст. Дар бисёр маврид агар кӯдак дар ҳафтмоҳагӣ ба дунё ояд, пурра ба зиндагӣ омода аст ва метавонад ҳаёт ба сар барад. Вале хуб аст агар тифл аз нӯҳмоҳаги рузу соати худро пур карда, тавлид шавад.

Албатта, кӯдакони 7-моҳа бутунанд, аммо комил нестанд ва мисли нӯҳмоҳаҳо системаи имунитеташон боқувват нест. Ба ин хотир, кӯдакони ҳафтмоҳа бадунёомада доим то 3-солагӣ зери назорати духтур аст.

Кӯдаконе, ки ҳафтмоҳагиро дар дохили батн мегузаронанд, ҳамаи системаи узвҳояшон пурра инкишоф ёфтаву бутун аст:

  • шуши кӯдак пурра шакл гирифтаву ба кори худ шуруъ кардааст, танҳо системаи ҳавотозакунии узвҳои нафаскашии тифлак пурра нашудааст, ки ин баъди тавалуд комил мешавад;
  • тифлак дар дохили шикам пурра суханҳоро мешунавад, ҳатто овозҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунад, яъне овози модару падарашро мешиносад;
  • дар ин моҳ муйҳои нозанини мо ба сабзидан шуруъ мекунанд;
  • узвҳои ҷинсии кӯдак шакл гирифта, дар ин моҳ бо ҳузур шоҳписар ва ё гулдухтар будани кӯдак маълум мешавад;
  • панҷ узви ҳиссиёти кӯдак пурра кор мекунад: шунавоӣ, биноӣ, фаҳмидани мазза ва бӯй;
  • кӯдак пурра дар шикам ҳаракат мекунад.

Дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ шиками модар гирд шуда, тӯбро мемонад. Ин шакл ба нишастану аз ҷой бархестани модар халал мерасонад. Хуб аст агар падарон дар ин моҳҳои вазнин барои модар дар паҳлӯяш бошанд ва кӯмакаш кунанд.

Дар ин муддат дилбеҳузурӣ ва нороҳатии меъда бас мешавад, аммо зардаҷӯш пайдо мешавад. Занҳои рӯзғордида мегӯянд, ки кӯдак мӯи сар мебарорад ва модар зардаҷӯш мешавад. Аммо, мӯйбарории кӯдак тамоман ба зардаҷӯшии модар алоқа надорад. Ин ҳолат, ки ниҳоят дардноку нороҳаткунанда аст, аз он хотир аст, ки бо калон шудани бачадон ҷойи меъда танг мешавад.

Танг шудани ҷойи меъда сабаби зуд - зуд гурусна мондани модар мешавад. Дигарон фикр мекунанд, ки модарон ба ҷойи ду нафар хӯрок мехуӯранд, яъне пурхӯр шудаанд. Вале ин дуруст нест. Зани ҳомиладор кам мехӯранд, яъне ҷой барои ғунҷонидани хӯрок надоранд ва барои ҳамин зуд-зуд гурусна мемонанд.

Дар ин моҳ ақлу ҳуши модар танҳо ба кӯдакаш мешавад. Ӯ мисли он мемонад, ки худ ба худ сухан мегӯяду механдад. Аммо дар ин давра кӯдак мисли як рафиқ ба модараш мешавад ва ин ҳиссиёт комилан оддӣ ва табиӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД