goodwell
Моҳи октябр сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад
15.07.2026
Oila.tj
75

Аз 15 то 20-уми октябр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кинои тоҷик (16-уми октябр) дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» доир мегардад.

Бино ба иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ҳадафи баргузории ҷашнвора муаррифии фарҳанг ва санъати миллии тоҷик, тарғиби дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кино, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти сулҳпарвару фарҳангии мамлакат ва маркази муҳими муколамаи тамаддунҳо дар доираи ташаббуси «Душанбе - шаҳри сулҳ ва тамаддуни ориё» дар соли 2026 мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар ин ҷашнвора 15-уми июн оғоз шудааст, ки то 15-уми сентябр давом мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД