Gazprom july 2025
Моҳидорон моҳии тиллоии ҳақиқиро шикор карданд
22.08.2025
Oila.tj
167

Дар соҳилҳои Коста-Рика як гурӯҳ моҳидорон моҳии калонеро шикор кардаанд, ки пӯсташ зарди тиллоранг буда, ба мисли моҳии тиллоии афсонавӣ ҷило медиҳад. Дар ин бора kris.media хабар додааст.

Ин моҳии аҷиб аслан “Акула” будааст, вале пӯсташ чун дигар акулаҳо хокистарранг набуда, ба мисли офтоб ҷилои тиллоӣ дорад. Олимон мегӯянд, дар тамоми тӯли таърихи инсоният ин бори аввал аст, ки чашми одамизод акулаи тиллоиро мебинад.

Сабаби ин падидаро олимони соҳа ба аксантизм - як навъ мутатсияи нодири генетикӣ нисбат медиҳанд, ки бар асари он пӯст ранг, яъне пигменти хокистарии худро аз даст дода, ҷилои зарди тиллоранг пайдо мекунад.

Маълум мешавад, ки моҳии тиллоӣ дар асл афсона набуда, чунин моҳиҳо вуҷуд доранд, вале новобаста ба ҳама пешравиҳои илму техника одамизод ҳанӯз на ҳама сирру асрори табиатро кушодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД