Ба Молдова сафар кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни раводид дар ояндаи наздик метавонад ғайриимкон гардад.
Ҳукуматдорони ин кишвар тасмим гирифтаанд созишнома дар бораи равуои бидуни раводиди шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки 9-уми октябри соли 1993 дар Бишкек ба имзо расида буд, бекор намоянд.
Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар аллакай лоиҳаи қарори дахлдорро дар ин бора таҳия намудааст, ки он санаи 12-уми ноябри соли равон дар ҷаласаи ҳукуматӣ баррасӣ хоҳад шуд. Дар сурати маъқул донистани лоиҳа он ба парлумон ирсол мегардад.
Агар парлумони Молдова лоиҳаи мазкурро қабул намояд, минбаъд ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои бо нияти кор ё таҳсил ба Молдова сафар кардан дарёфти раводид, яъне виза зарур мешавад.
Бояд гуфт, ки ҷорӣ намудани реҷаи раводид танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон дахл дорад, зодагони Русия метавонанд минбаъд низ бе виза ба Молдова сафар намоянд.