Arzon march 2024
Море, ки 1 тона вазн дорад
591


Соли 2009 ба гурӯҳи полеонтологҳо муяссар гардид, ки дар қаъри дарёи калоне, ки дар дохили кон мавҷуд буд, боқимондаҳои моҳиҳо, сангпуштҳои нодир ва устухонҳои мори калони ба мо номаълумро пайдо намоянд.

Дар натиҷаи кофтуков дар яке аз конҳои ангиштсанги шаҳри Серрехони Колумбия мори азимҷуссаеро бо номи титанобоа пайдо карданд, ки ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Титанобоа 15 метр дарозӣ ва дорои як тонна вазн будааст.

Натиҷаи тадқиқот ба олимон маълум намуд, ки титанобоа авлоди мори калони анаконда буда, баъд аз нобудшавии диназаврҳо пайдо гардидааст.

Дар замони худ ин хазандаи мудҳиштарин маҳсуб ёфта, тимсоҳ ва алигаторҳоро шикор мекард. Ин мори азим заҳрнок набуда, дар гармии 30 – 34 дараҷа ба сар мебурд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД