arzon replenishment
Моҳрухсор Сафиева ҷашни милод дорад
1096

 

Имрӯз ҳунарманди маҳбуби мо, яке аз чеҳраҳои намоёни санъат ва фарҳанги тоҷик Моҳрухсор Сафиева ҷашни милод дорад. Ин зани меҳрубону пурҳунар ба синни мубораки 62-солагӣ мерасад, вале то ба имрӯз ҷавон, зебо ва пуртароват мондааст.

Моҳрухсор Сафиева хоҳари шоираи маҳбуб ва машҳури тоҷик Гулрухсор Сафиева буда, 5-уми апрели соли 1962 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Меҳри санъат бо шири модар дар қалби ӯ маъво гирифта, ҳанӯз аз овони наврасӣ ба суруду мусиқӣ шавқу рағбати беандоза дошт. Ҳамин меҳру муҳаббати ҷӯшон пас аз хатми мактаби миёна ин духтараки ҳунарманди кӯҳистониро ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода меорад.

Моҳрухсор Сафиева соли 1984 пас аз хатми Донишкадаи санъат дар ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси сароянда фаъолияти ҳунариашро сар карда, баъдан соли 1989 тариқи озмун ба дастаи навтаъсиси «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мегузарад. Азбаски дар сарояндагӣ сабку услуби хоси худро дошт ва ҳамчун ҳунарманди ҳирфаӣ шинохта шуда буд, соли 2004 барои тақвият бахшидани ансамбли навтаъсиси «Фалак» Моҳрухсор Сафиеваро ба ин даста гузарониданд.

Ҳамин тавр, ин ҳунарманди асил 30 соли умри пурбаракаташро барои рушду нумуъи санъати тоҷик бахшида, даҳҳо суруду таронаҳои дилошӯб эҷод намудааст, ки «Нолаи дутор», «Модар», «Муҳаббат», «Садқаи номат шавам», «Афсонаи най», «Афсуни вафо», «Ёри ранҷида», «Ёд», «Ғам дар дил», «Меҳр», «Худо ёрат бод», «Шукрона», «Ҷони миллат», «Нолаи ёр», «Шаб мегузарад», «Рози нуҳуфта», «Оҳи танҳоӣ», «Имшаб», «Ёдат кардам», «Саҳнаи зиндагӣ» аз ин зумраанд.

Моҳрухсор Сафиева барои хидматҳои арзандааш дар рушду нумуъи санъати тоҷик, махсусан таронаҳои халқӣ соли 2010 бо унвони Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон, соли 2023 бо унвони баланди Хунарпешаи Халқии Тоҷикистон ва медали «Хидмати шоиста» қадрдонӣ карда шудааст.

Моҳрухсор Сафиева умри пурбаракаташро ба рушду нумуъи санъати тоҷик бахшида, соли 2014 аз ансамбли “Дарё” ба нафақа баромад ва имрӯз дар ҳалқаи фарзандону пайвандонаш давлати пирӣ меронад.

Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj ин ҳунарманди хушсалиқаро бо ҷашни зебои милод муборакбод гуфта, ба Моҳрухсор Сафиева умри дарози бобаракат, тани сиҳату хотири ҷамъ ва саодату хушиҳои зиндагиро таманно доранд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД