Arzon march 2024
МОШИНИ ГАРОНБАҲО САРИ ҶӮРААМРО ХУРД
8135


Дар шаҳраки Шёлковаи Федератсияи Русия кор мекунам. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвари рус ҳар рӯз ягон хабари нохуш мешунавӣ, вале ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки ягон рӯз дӯсти наздик ва бародари ҷониям ба фоҷиаи гӯшхарош дучор шуда аз даст меравад.

Ман аслан зодаи ҳисорам ва Алиҷон ном ҷӯраи ваҳдатӣ доштам. Мо як сол дар як иҷорахона зиндагӣ карда дар як мағоза кор мекардем.

Алиҷонро аз рӯяш нур мебориду русдухтарҳо аз пасаш кашола буданд, вале вай бачаи боимон буд ва ба духтарҳо аҳамият надода, мудом аз пайи тоату ибодати Худованд буд. Марина ном духтараки ситорагарме аз мағозаамон тез-тез харид мекард ва билохира Алиҷон шефтаи ҳамин духтарак гашта аҳди ошиқӣ баст. Марина духтари марди сарватманде буд ва дар зодрӯзаш ба Алиҷон чунон сюрпризе кард, ки даҳони ҳама воз монд. Марина ба Алиҷон мошини 350 ҳазора тӯҳфа кард. Алиҷон аз хурсандӣ ба худ ҷойи нишаст намеёфт. Пас аз ин Маринаю Алиҷон хӯрокашонро ҳамеша дар тарабхона мехӯрданд. Рӯзи вопасинашро Алиҷон гӯё медонист, ки вақти аз дар баромадан як ба ман нигариста гуфт:

Имомҷон, агар дер кардам, ҳатман ба суроғам биё! Дилам аз чизе гувоҳӣ дода истодааст!
Мани сода бо ханда мазоҳ кардам:
-Марина туро намехӯрад, рав зудтар!
Аз куҷо медонистам, ки Алиҷон бо ман якумра хайрухуш карда истодааст. Дар чорроҳаи назди биноямон мошинашон ба садама гирифтор шудааст. Марина аз тирезаи мошин 20 метр дур парида ҷо ба ҷо мемирад, Алиҷон бошад, шашқад шуда дар даруни мошин мемонад.

Полисҳо ӯро бо як азоб аз мошин бароварда ба беморхона мебаранд, вале дар даромадгоҳи беморхона як бор Имомҷон мегӯяду ҷон медиҳад. Ин хабари шумро шунида фиғонкашон ба беморхона рафтам, вале алакай дар морг Алиҷонро тоза мекарданд. Ҷасади дӯстамро дида аз ҳуш рафтам, чунки аз Алиҷони хушсурат ному нишоне намонда буд. Ходимони морг ба хонаводааш занг занед гуфтанд.

Қувватам намерасид, ки ба модари зору падари чашмбароҳаш занг занам. Маҷбур шуда ба сафоратхона занг задаму бо кӯмаки онҳо ҷасади Алиҷонро ба Ватан фиристодем. Шаш рӯз ашки чашмонам хушк нагашт, сӯхтаму гиристам. Ёди Алиҷон то ҳол маро месӯзад. Шабҳо худ ба худ гап мезанаму мегӯям: Ҳуҷраам бе Алиҷон рангу бӯ надорад. Наход ду ошиқи ноком дар як лаҳза аз даст рафта бошанд?! Доғи ҷудоияшон як умр дар дили ман мемонад!

Имомалӣ, аз Шёлкови Ф. Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД